Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гапатон тупа – туғрӣ сэр, – гуфтам ман ва афсўс бар он хӯрдам, ки то шабохун задан, хоин ҳамаи сирру асрори моро ба аҷнабиён фурўхт.
– Субҳона тайёр, – вориди хонаи хоб шуда, хабар дод Шабнам ва ман дилу бедилон аз бистар берун шудам.


Ӯ тафовутро байни шабу рўз аллакай аз даст дода буд.
Оҳ, пештар чӣ қадар хоби субҳгоҳиро дўст медошт. Замоне, бо азобе баъди ҷанҷолҳои чандкаратаи модари угай бистарро тарк мекард. Шояд агар модари худаш мешуд, чунин «беинсофиро» нисбаташ раво намедид. Рост гуфтаанд, ки ҷигар - ҷигар асту дигар - дигар ва табиати каҷрафтор аз ў ҷигар дарабуд ва бо ҳама ҷаҳду талошҳо, ӯ бо дигар забон як карда натавонист.
Агар модари худаш мешуд, шояд Раъноро келин мекард.
Эй кош, дар он субҳи солеҳон, ки баъди аз Русия омадан нияти ба хона рафтан дошт, Раъноро намедид. Ишқи ҷавонзан қалбаш бишикофт. Охир, Раъно беҳуда рақами телефони хонаашро ба ў надода буд. Шояд ҳамааш аз қисмат буд, ки Раъно дар вақташ ёри ў нашуд ва боз чархи қисмат дар чорроҳа баъди чандин сол онҳоро рў ба рў кард...
Мошин қарибиҳои бегоҳ ба Зартеғ омад. Чун ў аз мошин берун шуд, модари угай баҳраш пойандоз густурд ва ин дафъа чун писар ўро бибўсид. Додару хоҳараконаш гирди ўро ҳалқа карданд ва ҳар кадоме бонавбат бо ў гарм вохўрӣ намуда, аз шодӣ чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Аз ҳама охир ў падарро дид, ки бел дар даст аз ҳота берун омад.
Хурсандии аҳли хонадонро ҳаду канор набуд. Бо амри падар Муин ба оғилхона рафта, гўсфанди калонеро кашолакунон овард ва дар пеши пойи - бародар сар зад. Ҳанўз ба хона надаромада, ў модари Раъно - холаи Зеборо дид ва аз байни издиҳом берун шуда, ба тарафи ў рафт.
– Кампир шудааст холаи Зебо, - аз дил гузаронд ў ва салому пайёми Раъно ба кампир расонда, дарди дили ўро рўшан кард.
– Эй бачам, бачам, - оҳ кашида гуфт холаи Зебо, - ҷигар
– ҷигар асту дигар - дигар ва агар Худованд аз хазинаи раҳматаш ба мо фарзанд ато мекард, ману бобоят чунин хор намешудем. Чӣ магар Раъно имконият надорад, ки як маротиба ба суроғи мо биёяд?

пешина
аз 513
навбатӣ