Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Фарангис, ин кас майори милиса Абдумаҷидов.
– Абдумаҷидов Акбар Ҳакимович, - ба тарафи мусоҳибаш табассуми малеҳе намуда гуфт Фарангис.
– Худи худашон, исто ки Шумо ин касро чӣ хел шинохтед?
– Чанд сол пеш ман дар рўзномае хабареро хонда будам, агар хато накунам он дар бораи Тешаи Санг ном хоин буд, ки Акбар Ҳакимович баъди чил сол ўро ба курсии айбдорӣ кашида буд.
– Ман бошам, бори аввал мешунавам, – афсўс хўрд Зиёев.
Абдумаҷидов дарк намуд, ки то кадом андоза қувваи ҳофизаи Фарангис баланд аст. Кам не ғам не, аз он воқеа қариб понздаҳ сол гузаштааст. Ў чизе нагуфт, нахост коҳи кўҳна бод намояд, вале фаҳмид, ки духтаре, ки тақдир ин қадар хорию зориро баҳраш арзонӣ доштааст, бо нобаробариҳои қисмат ҳамеша дар набард будааст.
– Ман ҳамаашро дар бораи Раъно ба шумо гуфтам, боз чиро донистан мехостед?
– Фаҳмидан мехостем, ки чаро дар ин бора ба милиса занг зада хабар надодед, – пурсид Абдумаҷидов, ки аллакай аз Зиёев дар бораи суҳбати доштаи ў бо Фарангис маълумот гирифта буд.
– Чунки худам ҳам дар бораи марги Раъно хабар надош - там. Шояд дар ин бора дар ахбори криминалӣ гуфта бошанд, вале ман шахсан нашунидам. Дирўз бегоҳӣ ҳамсояи Раъно Обидаи Баҳром ба ин ҷо омада буд ва ман аз ҳодисаи ба сари вай омада огоҳ шудам. Тамоми шаб симои Раъно аз пеши назарам дур нашуд ва ман сабабҳои марги ўро дар тахаюлоти хотирам чун санги осиё тоб додам ва хулосаи худро ба ин бародар (ў ба тарафи Зиёев ишора кард) гуфта додам.
– Ҳамин хел яку якбора рози дилатонро ба милиса кушодед? - пурсид Абдумаҷидов.
– Ин бародар ба хонаи мо омада, баъди санҷиши шиносномаҳо мехост баромада равад, вале модарам ба рафтанашон монеъ шуда, ўро ба назди ман оварданд ва худ барои овардани чой рафтанд. Ман дар рафти суҳбат пурсидам, ки оё милиса қотилони дугонаи ман Раънои Носирро муайян карда бошад ё не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор