Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мантиқи беасос?
– Чаро беасос будааст? Бубин чӣ тавр ҷавонзани бисту панҷсола худро ба оғўши марди пир андохтааст. Агар мўйсафедро меросхўре мебуд, ҳаргиз чунин овозаҳо пайдо намешуд, вале..
– Чаро суханатонро буридед?
– Гуноҳро баҳри он содир мекунанд, ки гумон доранд ба даст намеафтанд, бехабар аз он ки мардумон ҳамаро мефаҳманду дарк мекунанд, ҳарчанд рўйирост нагўянд ҳам.
– Пас ҳамаи ин овозаҳо танҳо тахаюлоти худи мардуманд.
– Агар онҳо асосе медоштанд, ба милиса хабар мекарданд, чунки аз рўйи шуниди ман Раъноро чашми дидан надоштанд. Модоме ки чашми дидан надоштанд, пас чаро аз чунин «имконияти хуб» истифода намекарданд.
– Мегуфтед, ки бо Обидаи Баҳром чӣ хел шинос шудед?
– Раънобону сабабгори шиносои мо гашт. Шояд ў дар бораи ман ба ҳамсояаш нақл намуда буд, ки рўзе онҳо ҳарду якҷоя ба аёдати ман омаданд.
– Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Ёқуб Соиб?
– Не, шиносоии мо таърихи на беш аз нимсола дорад.
– Мо як чизро нафаҳмидем, ки ҳама ин вохўриҳои маҳрамонаи Раъно ва Ғиёс чӣ тавр аз мадди назари мардум, хусусан ҳамсояҳо дур мондааст.
– Инашро ман намедонам.
– Фарангис, акнун як саволи аз мавзуъ берун.
– Бифармоянд.
– Оё хонуми ҳамсуҳбати мо соҳиби китоби ашъор аст?
Фарангис лаҳзае хомўш монд. Рухсораҳояш шояд оташ гирифт ё дар назари Абдумаҷидов ҳамин хел намуд.
– Росташро гўям, дафтари шеърҳо дорам, вале намедонам онҳоро шеър гуфтан мумкин аст ё не. Ба касе ҳам нишон надодаам. Ҳарчӣ рўйи коғаз овардам, ин дарди дили ман аст. Акнун фаҳмидан мехостам, ки шумо ба шеъру шоирӣ даст доштани бандаро аз куҷо фаҳмидед?
– Ба фикрам, ҳар касе, ки бо шумо суҳбат доштааст, бояд ҳамин ҳолатҳоро дарк карда бошад. Раънои Носирро низ шумо бо ҳамин сухани зебоятон ҷалб намудагистед.

пешина
аз 513
навбатӣ