Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кошкӣ, ҳамин хел мешуд, - оҳ кашида гуфт ҳамоне ки калимаи импичментро ба забон оварда буд.
– То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад, - эътироз намуд нафаре, ки дар паҳлуяш буд.
– Хомўш, ана вай ҷавони дар назди довар буда аз ҷой бархест, - хабар дод нафаре, ки дар дидбонгоҳ буд.
– Ҳеҷ нафаҳмидӣ, ки онҳо дар кадом хусус суҳбат доштанд?
– Не, ман суханчин нестам, – худро сафед карданӣ шуда гуфт ў.
– Мо туро суханчин нагуфтем, вале дар чунин ҳолатҳо фаҳмидани ақидаи довар аз манфиат холӣ нест.
– Агар онҳоро дуруст фаҳмида бошам, боз кадом як табибе ҳам довталаб будааст.
– Чӣ хел табиб?
– Табиб, табиб…
– Рост гуфтаанд, замоне, ки аспҳо пеш аз сафари Бухоро пойҳои хешро наъл заданд, қурбоққа ҳам аз қатор намонам гуфта назди усто рафта хоҳиш кардааст,, ки ба пойи ӯ ҳам наъл занад. Охир, наход дар чунин як озмуни муҳташам вориси Гиппократ ширкат наварзад? Не, ҳеҷ мумкин нест, - хулосаи хеш гуфт ҳамоне, ки сухани импичментро ба забон оварда буд ва аксари дар он маҳфил ҳузурдоштагон ба илму дониш ва тафаккури ў сари таъзим фуруд оварданд.
– Ҳоло довар нияти аз ҷой хестан дорад? – пурсид кадоме аз ҷамъомадагони назди дар.
– Не, – гуфт дарбон.
– Набошад, биёед ҳамин ҷо гапро пазонда, баъд назди ў медароем.
– Бисёр хуб, - гуфт кадоме аз он гирдомадагон, - аксари мо ба ҷуз дуздию роҳзанӣ ва хуни мардуми бегуноҳро рехтан боре ҳам дар ягон маҷлису маърака сухан нагуфтаем, рафту…
– Аз сухани ноҷо гуфтан, хомўшӣ сад бор афзалтар аст, – лаб ба сухан кушод ҳамоне, ки дар дилу дидаи аҳли нишаст ҷо гирифта буд.
– Биёед, ҳамин бародарро сарвари хеш интихоб кунем, чунки қавми бе сарвар лашкари парокандаро мемонад,- таклиф намуд кадоме.

пешина
аз 513
навбатӣ