Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҷустуҷўи Ҷўраевро ба души Муродов ва Зиёев вогузошта, кофтукови духтурро Наврўз Умаров ба зиммаи худ ва Абдумаҷидов гирифт.
Нафарони сари суҳбат нишаста ҳама якҷоя аз утоқи кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ берун шуданд. Дар осмони беканора офтоб аллакай ба ғуруб рафта буд…
Субҳи рўзи сешанбеи чоруми октябр майори милиса Абдумаҷидов расо соати ҳашт ба кор омад. Рўзи кори соати ҳашт оғоз мешуд, вале барои Абдумаҷидов, ки ҳамеша ним соат пеш аз дигарон ба кор меомад, чунин «дермонӣ» барояш қариб, ки фоҷиа ҳисоб мешуд.
Чун аз навбатдор аз вазъи кунуни идора хабардор гашт, ба ҳуҷраи кориаш рафта, дар бораи Қурбонов Ғиёс Аслович ва Ҷўраев Шодӣ Муддинович барои Маркази иттилоотӣ ва бюрои суроғаҳо талабнома омода кард. Ҳарчанд ў метавонист ба саволҳои хеш тариқи почта ҷавоб бигирад, вале тангии вақтро ба ҳисоб гирифта, қарор дод, ки бояд худаш ҳуҷҷатҳои ҳарду гумонбаршударо гирифта бурда, ҷавоби саҳеҳ гирад. Ў ҳарду тарафи роҳро бо вақти санҷиши ҳуҷҷатҳо дар мизони ақли хеш баркашид ва ба хулосае омад, ки агар корҳо омад кунанд, тайи ду - се соат боз ба идора бармегардад. Абдумаҷидов коғазҳои барои санҷиш омода сохтаашро ба ҷузвдон андохта, сари қадам назди сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ даромаданӣ шуд, то ўро низ аз натиҷаи ташрифи ногаҳонии хеш огоҳ созад, вале дарро маҳкам дида баргашта ба поён омад ва навбатдорро аз рафтани худ огоҳ намуда, аз бинои милиса берун шуд.
Вай ба самте ҳаракат кард, ки нақлиёти шаҳрӣ қариб холӣ мерафт ва баробари вориди автобус шудан ба курсие нишаст.
Аз нурҳои офтоби тирамоҳии ба шиша бархўрда як манзараи дилфиреб ба назар мерасид. Ҳарчанд нурҳои офтобӣ рўзҳои аввали моҳи октябр сўзон набошанд ҳам, вале ба кас ҳаловат мебахшиданд. Ба назар мерасид, ки онҳое, аз ҳамин тарафи самти офтоббаро паҳлуи тирезаи автобус ҷой гирифта буданд, ба ғанаб рафта истодаанд.
Абдумаҷидов бошад, сари корҳои идоравӣ ба хаёл рафт.
Ҳоло ҳам бо кадом мақсад ба чунин ҷинояти мудҳиш даст задани қотил маълум набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор