Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ӯ моҳе пештар як хонаи сеҳуҷрадорро аз ҳамон бинои мо харид.
– Аз кӣ?
– Аз Сабоҳат Гурезова.
– Он кас куҷо рафтаанд?
– Онҳо ҳавлӣ харида рафтанд.
– Чӣ сабаб гашту ту аз ҳамсоя гумонбар шудӣ?
– Се рўз пеш пул даркор шуд. Ман аз ҳамсоязан Обидаи Баҳром пул қарз гирифтам.
– Хайр чӣ?
– Гапамро набур.
– Бубахш.
– Ана ҳамон Обида, ба ман сад сомонӣ қарз дод. Ман ба худат гуфта будам, ки хонаҳоро ба гарав монда, аз бонк қарз гирифта будам. Чун ҳама купюрҳои гирифтаам стандарти нав ва нокушода буданд, рақами ҳар як коғазпечро навиштам, яъне рақами аввал ва охири ҳар як бандчаро.
– Баъд?
– Баъд пулҳоро дар халтаи селофании сиёҳ печонида, ба ҷойи таъин намудаи шантажист мебурдам ва онҳоро гузошта пас мегаштам. Дарк кардам, ки шантажист ҳар қадами маро зери назорат гирифтааст, аз ин рў банда ба хулосае омадам, ки вай кадоме аз атрофиёни худи ман аст. Ба ҳамин мақсад гоҳ-гоҳ аз ҳамосяҳо пул қарз мегирифтам ва онҳоро бо пулҳои барои шантажист гузоштаам муқоиса мекардам. Он рўз ҳам пулҳоро аз Обида гирифта, рақамҳояшонро бо рақамҳои дар дафтарчаам навишта муқоиса намудам. Бовар намо, ба чашмони хеш бовар накардам. Ҳар ду панҷоҳсомонае, ки аз Обида гирифта будам, аз ҳамон пачкаи нокандаи худам буд, ки баҳри шантажист гузошта будам.
Ҳамоно ба назди Обида давида гуфтам, ки ин пулҳоро аз куҷо ёфтааст? Обида гуфт, ки пулҳоро ба ман ҳамсоя дод.
– Кадом ҳамсоя? – пурсидам ман.
– Назир, – гуфт ў Ба ростӣ, рангу рўйи Обида канд ва пурсид, ки Раънохон худаш чӣ гап?
Ман ҳамаашро ба ў гуфта додам. Обида ҳайрон шуд.
Гуфт, наход Назир чунин нокас бошад, шояд ў пулҳоро аз дигар кас гирифта бошад. Ана, барои ҳамин ман омадани Назирро интизорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор