Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба гумон аст.
– Пас ў дар куҷост?
– Кӣ медонад? Имрўз акои Муддин занг зада буд.
– Ту чӣ гуфтӣ?
– Чӣ ҳам мегуфтам? Гуфтам, ки баъди ба Зартеғ рафтанаш дигар ўро надидам.
– Набошад, дар деҳа ҳам ҳамаро ба по хезондам гўй?
– Ба фикрам, худаш ҳам ҳамин хел мешавад.
– Чӣ фикр дорӣ?
– Ба милиса хабар додан лозим.
– Телефонро ба наздат биёрам?
– Не, дар чунин мавридҳо ба милиса рафтан беҳтар аст,– гўён Намоз Ҷўраев аз хона баромад...
Навбатдори ШКД - и ноҳияи Гулистон Фидоалӣ Мирзоев арзашро шунида, вайро рост ба назди сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврўз Умаров бурд.
Аз лаҳзаи аввали муколама бо Ҷўраев сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ, фаҳмид, ки дар назди ў кӣ истодааст, вале нахост дили бе ин ҳазини ҷавонмардро ҳазинтар созад.
– Ором шавед, бародар, мо тамоми чораҳоро меандешем, ки Шодибойро ёфта, сиҳату саломат ба назди шумо баргардонем, - гўён Наврўз Умаров аз Намоз Ҷўраев хоҳиш намуд, ки агар расми Шодиро дошта бошад, як дона ба милиса биёрад.
Соате баъд аз рафтани Намоз Ҷўраев ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов аз ҷустуҷўйи Қурбонов баргашт. Ҳарчанд ў бо Қурбонов вонахўрд, вале дар бораи ў маълумоти зиёде ба даст овард.
– Қурбоновро дидӣ? - баробари аз дар даромадан пурсид Наврўз Умаров.
– Не.
– Чаро?
– Беҳтар мешуд, ки ўро ба ин ҷо ва ё ба прокуратура даъват мекардед.
– Дар он ҷо имконияти пурсиданаш набуд.
– Ҳар кас дар ҷойи кори хеш шоҳ аст. Маҳз аз ҳамин хотир ман бо ў вонахўрдам.
– Дар набудани шумо боз нафаре ба ин ҷо омада хабар дод, ки як ҳафта боз додарзодааш дар хона нест.
– Кӣ будааст он кас?

пешина
аз 513
навбатӣ