Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бо роҳи дедуктивӣ?
– Не, ин ҷо фақат пойҳоро кор фармудан лозим.
– Набошад, аз куҷо сар мекунем?
– Пеш аз ҳама аз ҳисоботи шабонарўзии раёсати шаҳрӣ, агар натиҷае надиҳад, аз шуъбаи навбатдории вазорат.
– Ҳардуяш ҳам натиҷае надиҳад - чӣ?
– Ақаллан, беморхонаҳои шаҳрӣ ва минтақаҳои назди шаҳриро низ дидан лозим.
– Рафту ўро дар беморхона ёфтем, чӣ кор бояд кард?
– Сараввал ўро ёфтанамон лозим, пас ягон фикр мекунем.
– Худи ҳозир нияти ба Қарияи Боло рафтан дорам, агар рухсат диҳед.
– Марҳамат корро сар кунед. Ба Абдумаҷиди хурдакак аз номи ман салом гўед.
– Мерасонам, ҳамаашро мерасонам, – гўён Абдумаҷидов аз ҷой бархест.
– Ҳа, воқеъан фардо барвақттар биёед.
– Хуб шудааст, - гўён Абдумаҷидов аз дар баромад…


– Дада!
– Лаббай.
– Абдумаҷидро дидӣ?
– Ҳа.
– Дада!
– Ҷони дада, чӣ буд?
– Ман хонда духтур мешавам.
– О, пештар мегуфтӣ, ки милиса мешавам - ку.
– Ҳоло бошад мегўям, ки духтур мешавам.
– Магар мард ҳар замон фикрашро тағйир медиҳад?
– Агар Абдумаҷид бемор намешуд, ман ҳатман милиса мешудам.
– Кӣ гуфт, ки Абдумаҷид бемор аст?
– Ман худам дидам. Имрўз ба аёдати Абдумаҷид рафта будам ва бо бисёре аз бачаҳое, ки мубталои бемории гемофилия буданд, суҳбат намудам. Дилам ба ҳолашон сўхт.
Ана дар ҳамон ҷо ба худ қавл додам, ки хонда чун Муқим Каримович духтур шавам.
– Муқим Каримович кист?
– Раҳматов. Ў сармутахасиси касалиҳои хун будааст.

пешина
аз 513
навбатӣ