Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Умуман, пазируфтам ё не, ин дигар аҳамияте надорад. Аз он ҷо ки ин кас духтур буд, метавонист, ки баҳри ба даст овардани он чӯҷаи парӣ (Раъно дар назар аст), дар марги шавҳараш манфиатдор бошад. Модоме ки чунин буд, пас чаро ў бо Раъно баъди марги шавҳараш расман издивоҷ накард? “Албатта, ўро ҳам зану фарзанд будагист,” - садо омад аз қалбам, лек ба дифои хеш бархоста натавонистам.
– Беҳуда ранҷиданат хуб нест, - гуфт Шабнам, ин дафъа пиёлаи чойро ба дастам дода истода.
– Ба назарат намудааст, - худро сафед карданӣ шудам ва пиёлаи чойро ба даст гирифта, як қулт нўшидам. Қариб забонам сўхта буд, дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Дар як мижа задан тамоми дарду доғи то ин дам доштаамро ба гўшаи фаромўшӣ додам, чунки дард ниҳоят сўзон буд.
Пиёлаи дар дас -там бударо чаппа кардам.
– Дадои Парвиз, оҳистатар, - дастпокунакро ба сўям дароз карда гуфт Шабнам.
– Қариб маро кушта будӣ, - бо дастпокунак дастонамро молиш дода истода, изҳори нигарони намудам, ман.
– О, худат дидӣ - ку, - чойро аз чойник рехта ба дастат додам. Соҳиби набера ҳам шудию рафторат чун кўдак.
– Шояд маро дуои худат гирифт?
– Чаро ман туро дуо мекардам?
– Чунки ба саволҳоят ҷавоб надодам.
– Худат уҳдадор нестӣ, ки ба саволҳои ман посух гўйӣ.
Бо ин суханон Шабнам аз мағлубияти хеш хабар дод, ё онро ҳамчун тасаллои дили бемор гуфт, нафаҳмидам. Ба ҳар ҳол, баҳри дилбардориаш гуфтам:
– Ҳа, имрўз маро ба прокуратура даъват намуда буданд.
Қоида ҳамин хел. Тафтишот ҳамаи онҳоеро, ки бо Раънохон муносибати дўстона доштанд, бояд бипурсад. Охир кадом худобехабаре қасди ҷони ў намуд, ки мо акнун ҳама сарсону саргардон шудем?
– Ӯ ҷазои хеш аз Офаридгор гирифт.
– Ин хел нагў. Аз қафои шахси фавтида чунин гапҳо гуфтан хуб нест.
– Медонам, вале ман он каждуми таги бурёро дар ду дунё ҳам чашми дидан надорам. Ў ҷазои қонунии хеш гирифт.
Гумон дорӣ, ки ў бегуноҳ буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор