Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Собири Файз гўш мекунад.
– Собир Файзович, хоҳиш дорам ба милиса биёед. Ҳа, Абдумаҷидов…
Соате пас Файзов ба милисахона омад. Навбатдор матлаби ўро шунида, занг зада, аз омаданаш Абдумаҷидовро огоҳ кард.
– Баъди даҳ дақиқа Акбар Ҳакимович шуморо қабул мекунад, - гуфт навбатдор ва гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт.
“Дар замоне, ки мо кор мекардем, аслан прокуратура сарварии чунин корҳоро ба души худ дошт, ин ҷо бошад, баръакс. Дирўз ду соати расо ба муфаттиши прокуратура дар ин бора нишондод додам, имрўз бошад, боз инаш маро ҷеғ зад. Аздусар аз гуфтаҳои дирўзаам сухане беш нахоҳам гуфт,” - аз дил гузаронд Собири Файз ва аз навбатдор пурсид:
– Абдумаҷидов маро худашон ҷеғ зада буданд?
– Мефаҳмам, - гуфт навбатдор.
– Чиро мефаҳмед?
– Он чиро ки шуморо ҷеғ задаст?.
– Шумо намефаҳмидед, ки ўро чӣ матлабест?
– Не.
Даҳ дақиқаи интизорӣ хеле тӯл кашид, ё дар назари ў ҳамин хел намуд. Ниҳоят занги телефон садо дод.
– Шумо ба ошёнаи дуюм дафтари кории рақами бисту шаш равед, - гуфт навбатдор.
Сабири Файз аз зинаҳо ба боло рафт ва дар рў ба рўйи дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки бо ҳарфҳои хоно ному насабаш навишта шуда буд, лаҳзае таваққуф намуда, нафаси чуқур кашид, сипас ба дар ангушт зад.
– Марҳамат дароед, - шунид ў овози Абдумаҷидовро ва дарро кушоду чашмаш ба муфаттиши прокуратура бархўрд, ки дар утоқи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ба қавле омадани вайро интизор буд. Дилаш таҳ кашид, вале худро ба даст гирифта салом дод.
– Марҳамат, гузашта шинед, – гуфт Абдумаҷидов ва ў дилу бедилон дар курсие рў ба рўйи муфаттиши прокуратура, ки ҳанўз хомўш буд, гузашта нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор