Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Пеш аз ин ҳам маро ду маротиба бо ҳамин моддаҳо огоҳ карда будед, - талх карда гуфт Файзов.
– Ҳоло ҳамин хел гўед.
– Ҳамин хел.
– Пас, агар чунин аст, шуморо аз ҷавобгарӣ бо ҳамин ду модда, ҳамчунин, аз ҷавобгарӣ барои пинҳон кардани ҷиноят, роҳи гурез нест.
– Инро аввал исбот намудан лозим.
– Собир Файзович, биёед ба пойи худ теша назанед. Мо ҳоло далелҳое дар даст дорем, ки шумо дар ҳақиқат гунаҳкоред, ба замми ин, мо намехоҳем, ки шуморо ба бало гирифтор намоем. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо лаҳзае худро дар ҷойи шумо тасаввур намудем ва ба хулосае омадем, ки…
– Шуд Акбар Ҳакимович, ҳар он чи ки ману шумо ин ҷо гуфтем, дигар қувваи қонунӣ надорад. Шахсан ман шартномаи гуфтушунидро яктарафа ҳам бошад, бекор мекунам, - гуфт Бобо Самад.
– Ором шавед. Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.
– Шуморо - ку намедонам, вале ман дигар ором шудан наметавонам, - гуфт муфаттиш ва тугмачаи диктафонро зер кард.
“-Худро муаррифӣ намоед.
– Собири Файз.
– Солу моҳ ва рўзи таваллудатон.
– 1955 моҳи май рўзи 22-юм.
– Ҷойи таваллуд, истиқомат.
– Ҷойи таваллудам деҳаи Зархези ноҳияи Сангвор, ҷойи истиқоматам шаҳри Душанбе, кўчаи Партизани Сурх 67.
– Шуморо дар асоси моддаҳои 351–352 КҶ ҶТ барои надодан ё додани нишондоди бардурўғ огоҳ мекунам.”
– Мефаҳмам.
– Мехостам ҳолатҳои корро, ки аллакай мо дар бораашон гуфта гузаштем, баён мекардед.
– Ман аллакай дар ин бора дар нишондодам навиштам, оё месазад, ки ҳамаашро аз нав такрор намоям.
– Албатта.
– Чӣ илоҷ, - гўён Собири Файз хомўш шуд. Ў сари кадом андеша буд, ҳозирин намедонистанд. Ба ҳар ҳол муфаттиш тугмачаи диктафонро аз нав пахш карда, онро хомўш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор