Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хел саҳна? – пурсид муфаттиш.
– Ҳоло ман гуфта наметавонам, ки он чӣ хел саҳна буд, вале дилам гувоҳӣ медод, ки рафту агар ман сухани ўро рад намоям, ў низ каломеро ҳамчун “туҳфа” ба забон меовард.
– Равшантар гап занед.
– Шумо худ ҳам воқифед, ки марди мусулмон сари ҳар як намоз даст ба дуо мебардорад, ки Худованд ўро аз марги муфоҷо, аз туҳмати ногаҳон ва аз ғорати шайтон эмин дорад.
– Мегуфтед, ки чаро аз ахлотқуттии ошхона баъди ин изи ҷиноятро ҷўё шудед? - пурсид Абдумаҷидов.
– Ман намедонам то кадом андоза шумо аз рафти воқеаҳо огоҳед, вале бовар намоед ман дигар ягон ҳолати корро пинҳон карданӣ нестам, он чи ки ман ҳоло мегўям, шумо дар бораи он ҳатто хабар ҳам надоред. Баъди ин шумо имкон доред, ки бандаро ба ҷуз пинҳон кардани ҷиноят, боз барои пешгири накардани он ҳам гунаҳкор созед.
Чун саволе дар ин бора аз тарафи ҳозирин дода нашуд, ў суханашро давом дод.
– Ҳафтае пеш аз маргаш худораҳматии Ёқуби Соиб ба ҷойи кори банда омад. Ба фикрам, ў бори аввал ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ омада буд. Чун ў мардумони зиёдеро дар он ҳуҷраи хурдакак дид, ҳамоно дарро пўшид. Ман берун баромада, ўро хайрамақдам гуфтам ва таклифи даромадан намудам, вале мўйсафед рад кард. Сипас, мо якҷоя дар кўча хеле қадам задем. Ҳангоми хайрухуш ў дар дасти ман коғазпечро дод. Пурсидам, ки ин чист?
Худораҳматии Ёқуби Соиб гуфтанд, ки: «Собирҷон, агар марг аз гиребони ман гирифт, асрори онро аз ҳамин ҷўё шавед». Ман ҳайрон шуда хостам эътироз намоям, вале он кас гуфтанд, ки “Собирҷон ман чӣ гуфтанамро медонам.” Танҳо баъди рафтани вай ман он коғазпечи хурдакакро кушода, аз дохили он як ампулаи думиллиграммаи «Адреналин»ро ёфтам. Ба ростӣ, тайи як ҳафтаи дигар ман баҳри ёфтани асрори он ампула кўшише ба харҷ надодам, чунки дар мурофиаи судӣ нафаре будам, ки дар куштор айбдор карда мешуд. Он шаб ба хонаи Ёқуби Соиб бо таклифи завҷааш рафтам. Ҳамсари мўйсафед маро дар остонаи хона пешвоз гирифта, то меҳмонхона гусел кард.
Хостам мўйсафедро рафта бинам, вале ҳамсарашон гуфтанд, ки нав ба он кас сўзандору гузаронидаанду ором гузоштанаш беҳтар аст.

пешина
аз 513
навбатӣ