Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бегоҳ лакоту хаста ба хона баргашт. Ҳатто дар ҷайбаш тангае ҳам набуд, ки барои Наргису Мурод ягон шириние бихарад. Баробари ба хона даромадан, ҳамсараш аз меҳмонхона баромада, хабар дод, ки дар хона меҳмон. Назир хост назди меҳмон дарояд, вале ҳамсараш таъкид кард, ки сару каштали хешро камтар ба тартиб дарорад. Аз сухани ҳамсар ў каме ранҷид, вале Гулбарг гуфт, ки меҳмон дугонааш асту ў мехоҳад Обида аз бахти вай ҳасад барад. Чӣ ҳам мегуфт Назир?
– Ин кас дадои Наргис, – шавҳарро ба дугонааш муаррифӣ намуд Гулбарг.
Обида аз ҷой бархеста, даст пеши бар гирифта, салом дод. Онҳо сари дастурхони пурнозу неъмат хеле суҳбат намуданд. Назир хеле баъд фаҳмид, ки Обида ба хонаи онҳо бо дасти холӣ наомадааст. Обида аслан ҷавонзани фарбеҳи миёнақад буда, дар назар сӣ - сиву панҷсола менамуд. Ў аслан ба тиҷорат машғул будааст. Пас аз рафтани ў Гулбарг гуфт, ки чун Обида аз тиҷорат даст накашидааст, шавҳараш кафшҳояшро пеши пояш мондааст, ҳоло ў дар кўчаи Абдуллобеков хонаи дуҳуҷрагӣ дорад. Ман ба ў гуфтам, ки дадои Наргис сохтмончӣ аст, хоҳиш кард, ки дар таъмири хонаҳо ба ў ёрӣ расонем.
– Бе пул?
– Обида худаш гуфт, ки дўстӣ дўстиву ҳисоб раҳи рост.
Ҳафтае пас Обида боз меҳмони онҳо шуду субҳи рўзи дигар усто ба суроғаи ў рафт.
Усто тайи як моҳ натанҳо хонаҳои дугонаи ҳамсарашро ороишу пардохт кард, балки дар ин муддат борҳо тасаллои дили бемори ҷавонзан гашта, ба қавле ҳарду гӯшту нохун шуданд.
Баъди ду моҳ хонаҳоро дар кўчаи Абдуллобеков фурўхту ба манзили нав кўчид. Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки ў бо мўйсафеди ҳафтоду панҷсола Ёқуби Соиб, ба мақсади молу мулкашро ба даст овардан издивоҷ кардан мехост. Дар ин бора Обида аз куҷо маълумот гирифта буд, ў худ медонисту Худо, чунки ишқ ҳам баҳри зани тоҷир худ тиҷорат буд.
То ҷойе, ки ў хабар дорад, ин кор ба Обида ба осонӣ даст дод. Ёқуби Соиб бисёр мехост, ки дар аёми пирӣ ҷавонзани нозанине чун Обида бистари ўро гарм кунад, вале...

пешина
аз 513
навбатӣ