Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Як санҷида мебароем, корҳо барор гирифтанд, чӣ хуб!
Набошад фардо субҳ ўро пешандоз намуда, ба дафтари кории шумо меорем.
– Дигар бачаҳо канӣ?
– Ҳама ҳамроҳи дружиначиёни ихтиёрии халқӣ дар минтақаҳои хизматиашон. Соати 22.30 дақиқа ҳама ҷамъ мешаванд ва баъди муҳокимаи на чандон тўлонӣ мо худоҳофизӣ мекунем.
Абдумаҷидов беихтиёр ба соати деворӣ нигарист. Ақрабаки соат 22.20 дақиқаро нишон медод. То омадани шербачаҳои Муродов боз даҳ дақиқа монда буд.
Сарнозири минтақавӣ чун дид, ки Абдумаҷидов нияти рафтан надорад, аз ҷой бархеста, чойникро ба ҷараёни барқ пайваст кардан хост, лекин худи меҳмон ба ин кор монеъ шуд.
– Ташвиш накашед, лозим нест, - гуфт Абдумаҷидов.
– Ҷўраевро дидед? - пурсид Муродов, ки аллакай аз воқеаҳои ба сари ҷавони зартеғӣ омада огоҳ буд.
– Ҳа, бо ў дар беморхонаи шаҳрӣ вохўрдам.
– Шунидам.
– Аз куҷо? - ҳайрон шуда пурсид Абдумаҷидов.
– Мо ҳам дар беморхона чашму гўши хешро дорем, - хандида гуфт Муродов.
– Чашму гўши хешро, ки доштед, пас чаро барвақттар хабар накардед?
– Бечора чашму гўшҳои мо аз куҷо медонистанд, ки Ҷўраев худ як асрори ниҳонест.
– Хайрият, амакаш ба ҷустуҷўйи вай баромаду мо ҳам ўро ёфтем.
– Аз ноумедиҳо басе умед аст гуфтанд.
– Хизмати шумо ҳам дар кушодашавии парвандаи мазкур хеле зиёд аст. Рафту агар шумо дар бораи Ҷўраев Шодӣ Муддинович маълумот гирд намеовардед, ба гумон буд, ки баъди ба милиса омадани Намоз Ҷўраев мо нисбат ба бемор таваҷҷуҳе зоҳир намоем.
– Қарсак аз ду даст гуфтанд.
– Барои ҳамин ҳам дар ҳамин нисфи шаб мо ба ин ҷо омадем, то боз якҷоя шуда, онҳоеро, ки Шодӣ Муддинович дар марги собиқ ҳамсабақ ва ҳамсояаш гунаҳкор мешуморад, дастгир намоем.
– Иншоолоҳ, гунаҳкоронро аз мо роҳи гурез нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор