Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи ҳамин ба нафъи Обида буд. Дирўз ў Хайёмро ба хонаи тағояш овард. Гуфт, ки ба аёдати бибиаш омадааст. Ҳарчанд кампир аз наберааш дил канданӣ надошт, аммо аз духтараш боварӣ надошт.
Баъди корнамоиҳои духтари ягонааш ў дарун - дарун месўхт, лек чӣ кунад, ки замин сахт буду осмон баланд. Ў аз он метарсид, ки Обида боз ба роҳи бад наравад ва дар дами пирӣ ўро аз нав шармандаи ин дунёву қиёмат накунад. “Боз ҳамин рафтагиат нашаваду,” ҳар гоҳе, ки Обида Хайёмро гузошта рафтанӣ мешуд, модар ҳамин суханро такрор мекард.
Маҳз ҳамин суханони модар ўро водор месохт, ки ба «туҳфаи» якшабаи тақдир қаноат кунад.
Дишаб мижа таҳ накарданд. Баъди ҳодисаҳои шаби 19 ба
20 сентябр онҳо бори дуюм вохўрданд. Тамоми шаб ҳамсари дугонааш ўро навозиш кард. Оҳ, чӣ қадар мехост, ки шаб дарозтар аз қарн гардад, вале…
Баъди вохўрӣ бо ҳамсар Назир ҷомаро чаппа пўшид ва ҳар ду сари муноқиша хестанд. Он чи ки Назир гуфт, дар мизони ақл намеғунҷид ва ў низ паст наомаду аз гуфтани суханони сермурчу қаламфур худдорӣ накард. Бубин ӯ чӣ хел кӯтоҳназар шудааст? Ба ҷойи дилбардорӣ ӯ дили ёраш - дили мардеро, ки ўро ситораи хеш мехонду аз ҳамсари қонуниаш, аз модари фарзандонаш боло мегузошт, шикаст.
Ба ғурури ноҷойи хеш лаънат хонд.
Мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту сард мекардагӣ ҳам зан. Панди гузаштагон аз як гўшаш даромаду аз дигараш чун бод гузашт. Ў дили як мард не, балки ду мард бишикаст ва бо як амали ноҷойи хеш дили ду нафар сард кард. Хайр бало ба паси он пири фартуташ, вале он чӣ ки бо ҳамсари қонуниаш бо падари Хайём кард, дар ягон чаҳорчўбаи қисмат намеғунҷид. Аз баҳри дилхушии яклаҳзаина ў на танҳо сари шавҳарро ба замин зад, балки обрўи бародаронро рехт ва қомати хамгаштаи модарро дуқат кард. Ҳамаи ин кам буд, ки ў дар хуни ду нафар худро зомин сохт. Якеро бо дасти дигаре кушт ва боз худ хуни қотил рехт. Агар худаш ин корро танҳо мекард, боке набуд, вале боз мардеро ба он ҷалб кард, ки гоҳ - гоҳ бистари сардашро гарм мекард.

пешина
аз 513
навбатӣ