Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Онҳо ҳарчанд кўшиданд даҳони Раъноро кушода натавонистанд ва Обида боз ба тарафи ошхона давида қошуқеро ба даст гирифта баргашт ва бо дастаи қошуқ коми сайди хеш кушоданд ва моеъи дар шишача бударо маҷбуран ба ҳалқи Раъно рехтанд. Лаҳзае пас “хоҳари қиёматиаш” чун мурғи бисмил тапида - тапида ҷон дод.
– Рост гуфтаанд, оне, ки ба манзили дигар кас ҳамла меорад, хун надорад, - баҳри ором намудани дили хеш гуфт Обида.
– Намедонам.
– Акнун чӣ мешавад?
…
– Инашро ҳам намедонӣ?
– Ҳамааш айби худат шуд, канӣ он пулҳо?
– Охир кӣ медонист? - гўён Обида хам шуда он ду панҷоҳсомониро ки рўйи фарш, паҳлўйи Раъно мехобиданд, бардошт.
– Ним соат пас бояд ҷўрааш биёяд, - гуфт Обида.
– Кадом ҷўрааш?
– Ҳамон бачаи ҳамсояаш, о, ба ту гуфта будам - ку.
– Кӣ гуфт?
– Ман мегўям, ман мефаҳмӣ?
– Набошад, тезтар ўро аз ин ҷо дафъ кардан лозим.
– Чӣ хел? – ҳайрон шуда пурсид Обида.
– Ба хонааш ўро мегузаронидем беҳтар буд, вале боз он ҳамсояи рў ба рўйи хонаи инҳо (ў ба тарафи ҷисми беҷони Раъно ишора кард) аз ҳамон чашмаки дараш нигоҳ накунад.
– Ба бахти мо, ҳамсоя нест, агар бовар накунӣ, ана калидаш дар пешайвони мост.
– Набошад, чӣ истодаем?
– Ту каме Раъноро ба тартиб биёр, ман хонаи ўро дида биёям.
– Майлаш ту берунро санҷида бин, бурданаш ба зиммаи ман.
Обида оҳиста вориди хонаи ҳамсоя шуд. Дар хона касе набуд, вале барои эҳтиёт ў ду - се маротиба номи ҳамсояро гирифт ва чун овозе нашунид, калидҳоро аз пеши оинаи якқади пешайвон ба даст гирифта берун баромад. Сипас, дари хонаи худро кушода, бо ишорае Назирро ба тарафи хеш садо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор