Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Назир, ки аллакай омодаи супориш буд, ҷисми беҷони ҷавонзан бардошт ва дар ҳолате, ки Обида чун посбон майдончаи ошёнаи сеюмро ба зери назорат гирифта буд, вориди хонаи ҳамсоя гашта, ҷисми беҷони Раъноро болои кати хобаш гузошту пас гашт. Обида дари хонаи ҳамсояро бо калид маҳкам намуда, донаи гўгирдчӯберо се қисм намуда ба дари ҳамсоя нишона гузошт ва чароғи майдончаи сеюмро хомўш карда, вориди хонаи худ шуд.
Рафту агар он ошиқи шабгард меомад, нуран алонур мешуд, вале на ҳама орзую омоли одам ҷомаи амал мепўшад.
Чун он ҷавони ошиқ наомад, соатҳои дуи шаб Обида берун баромада нишонаҳои мондаи хешро дар дари ҳамсоя бе тағйир дид.
Дузду ғар ҳамеша номарданд ва ў ҳамроҳи ҳамсари дугонааш ҳам аз ҳамин қабил шахсон буданд. Онҳо, ки мехостанд дигар касро гирифтори бало созанд, баъди наомаданаш тамоман сару калобаи хешро гум намуда, боз сари «машварат» нишастанд.
Дар интиҳо ба хулосае омаданд, ки баҳри аз болои хеш дур афкандани соя саҳнаи қасд ба ҷони хеш намудани Раънои Носирро тариқи овехтан тартиб диҳанд. Ба ин хотир онҳо давоми амалиётро бо майдатарин ҷузъиёташ фикр карда баромаданд.
– Оча!
Суханони Хайём ўро аз байни андешаҳо берун оварданд, вале лаҳзаи аввал ҷавоб надод.
– Оча!
– Ҳа, ҷони оча чӣ буд?
– Ташна мондам, нўшидан мехоҳам.
– Об мегўӣ?
– Ҳа, очаҷон.
Обида аз ҷой бархоста чароғ даргиронд. Чун дар хона об набуд, берун баромад.
Лаҳзае пас чумчае дар даст аз қубури пеши ҳавлӣ об гирифта баргашта ба писарчааш дод. Сипас, чумчаро ба даҳлез бароварда, чароғро хомўш карду боз ҷисми хешро ба бистар гирифт.
– Оча!
– Чӣ буд?
– Ҳамон афсонаро шунидан мехоҳам.

пешина
аз 513
навбатӣ