Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Якбора.
– Хайрият.
Наргису Мурод аз ин муколамаи бесару нўги падару модар чизеро пайхас накарданд. Баҳри аз вазъияти ноҳинҷор баровардани шавҳар Гулбарг ҳам нон шикаст ва пиёлаи чойро ба даст гирифт. Баъди чанде Наргису Мурод ба берун рафтанд ва зану шавҳар танҳо монданд.
Ҳарчанд дили зан моломоли дард буд, ба хотири ҷигарбандонаш дигар сухане ба забон наовард. Рафтори зан мардро дар хиҷолат монд, ки гуфт:
– Маро бубахш, очаи Мурод.
– Наргису Мурод гуноҳе надоранд ва андешаи фардои фарзандонатро бикун, - гўён Гулбарг аз ҷой бархеста ба хонаи шафат рафт. Охир ў намехост, ки ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро шавҳари хиёнаткораш бубинад.
Назир болои кӯрпача дароз кашид. Аз он чӣ ки ҳамсар дигар сари масъалаи субҳгоҳӣ барнагашт, дилаш осуда нашуд. “Андешаи фардои фарзандонатро бикун,” - гуфтани ҳамсар дубора дар гўшаш садо дод. Охир ў аз куҷо медонад, ки дугонааш бандаро то оринҷ оғўштаи хуни ноҳақ намудааст ва Худо накардаву...
Вуҷуди Назир Назар биларзид ва мавҷи хаёлоташ лапиш хўрд.
Чун дўстӣ Раънои Носир наомад, вазъи онҳо аз бад бадтар шуд. Ниҳоят онҳо ба хулосае омаданд, ки саҳнаи худкушии Раънои Носирро тариқи овехтан арзёбӣ намоянд.
Раъно ўро бовар кунонд, ки бо роҳи овехтан, қасди ҷони хеш намудан, як ҳодисаи маъмул шудааст. Ў ҳатто ба ёд овард, ки моҳе пештар як духтари бисту дусолае бо ҳамин роҳ дунёи фониро тарк кард. Бахти онҳо баландӣ карду Обида ресмони калони даҳметраеро, ки ҳафтае пеш баҳри овехтани либосҳо аз бозор харида буд, ба ёд овард. Не, ресмони мазкурро на барои овехтани Раъно, балки барои аз ошёнаи сеюм ба ошёнаи дуюм фаромадани Назир бояд истифода мебурданд.
Чун Назир ба мустаҳками ресмон боварӣ ҳосил кард, нақшаи пешниҳоднамудаи Обидаро пазируфт. Ниҳоят дар ҳамон хомўшии шаб онҳо аз нав вориди хонаи Раъно шуданд.
Ресмони бориктареро аз даҳлези хонаи ҳамсоя, ки куртаҳояшро овехта буд, бурида гирифтанд ва як сари онро ҳалқа намуда, қисми дигарашро Назир ба кубури 20 миллиметраи обгузар, баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор