Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ин рафта ҷисми Раънои Носирро бардошта овард ва ҳалқаро Обида ба гардани ӯ андохт. Аслан саҳна ниҳоят хотирмон шуд.
Ба гумон буд, ки касе ба ҳақиқӣ будани он бовар накунад.
Сипас онҳо бо латтаи намнок ҳамаи изҳои худро аз байн бурданд.
Чун боварӣ ҳосил намуданд, ки дигар онҳо нақше нагузоштанд, ба анҷоми охири амалиёти хеш пардохтанд.
Обида аз хонаи Раъно баромада, пойафзоли Назирро ҳам гирифт ва ба хонаи Назир омада дарро кушод. Чароғ фурўзон накард. Назир дарро аз дохил маҳкам намуда, бо ҳамон латтаи дар дасташбуда изҳои боқимондаро аз калид, тугмачаи барқ ва пеши дар тоза намуда, болои гилеми моҳутдор то пеши тиреза рафт.
Хусусияти аз ҳама беҳтарини ресмони овардаи Обида он буд, ки дар ду қисм ҳам то ошёнаи дуюм мерасид. Назир рес - монро ба қубури системаи гармдиҳӣ гузаронида онро ду нимаи баробар карда, тирезаро кушода, ресмонро оҳиста - оҳиста поён фаровард. Чун Обида аз тирезаи поён нўги онро ба даст овард, каме ба тарафи худ кашид. Ин ҳаракат маънои онро дошт, ки бемалол фаромадан мумкин. Назир бо ҷўроб рўйи пештахтаи тиреза баромад ва бо ҳамон латтаи дар дасташ буда охирин изҳои хешро аз байн бурду онро таги ресмон гузошт. Сипас бо қади ресмон поён фаромадан гирифт ва лаҳзае пас пой бар тирезаи ошёнаи хонаи худ гузошт. Чун шаб ниҳоят торик буд, ба гумон, ки касе онҳоро дида метавонист. Чун каме ором шуд, як тарафи ресмонро сар дода, қисми дигарашро ба тарафи хеш кашид. Қисми сардодашудаи ресмон аз нав ба боло рафт ва лаҳзае пас бо қубури системаи гармдиҳӣ «хайрбод» намуда боз ба поён омад ва он латтаи тарро, ки баҳри аз байн бардоштани изҳо дар таги он гузошта буданд, бо худ ба поён овард.
Назир бо чўбдастаи на чандон калоне аз пештахтаи тирезаи худ тирезаи ҳамсояи болоро ба ҷояш тела дод. Дар ин амалиёт ҳам ёвари ў Обида буд, чунки дасти ҳамсари дугонаашро маҳкам дошт, то нохост ба поён наафтад.
Сипас, ҳарду боз ба хонаи Обида рафтанд ва Назир дар ҳамон ҷо дасти хуншорашро, ки ба дард омада буд, шуста тоза кард ва Обида бо маҳлули йод ҷойи захмро ба қавле табобат кард.

пешина
аз 513
навбатӣ