Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў хонаи дугонаи ҳамсарашро баъди занг задани Собири Файз тарк кард. Пеш аз рафтан аз хазинаи умумӣ ҳамаи пулҳо бигирифт ва шашсад сомонро ба дасти Обида дод. Дар пули боқимондааш бояд аз Маскав баҳри тиҷорат баъзе майда-чўйдаҳо мефиристод. Вай тиҷорати хешро дар фурўши қисмҳои эҳтиётии мошинҳои хориҷӣ ташкил дода, борро тавассути роҳи оҳан фиристода буд. Баъди ҳодисаи шаби 19-20 сентябр ў танҳо ду маротиба ёди оғўши гарми дугонаи ҳамсараш кард. Бори аввал чор шаб пеш ва боз дишаб, ки ин субҳ, ки кӯзача дар даст барои гирифтани шир рафт
Абдумаҷидов аз рўйи одати ҳамешагӣ ним соат пеш аз вақти саршавии кор ба идора омад. Баробари вориди ҳуҷраи корӣ шудан тирезаро кушод ва аз сейфи оҳанин ҷузвдони коғазинеро, ки дар болояш парвандаи ҷустуҷўйи аз рўйи қатли Раънои Носир навишта шуда буд, берун оварда, сари мизи корӣ нишаст. Маводҳои парвандаи ҷустуҷўиро варақ мезад, ки иштирокчиёни озмун вориди дафтари кориаш шуданд. Ҳарчанд онҳо мардуми ниҳоят фўрутан буданд, вале ин дафъа вориси Гиппократ дар ғазаб буд. Вай рўйирост изҳор намуд, ки аз натиҷаи ҷамъбасти озмун розӣ нест.
Гурўҳи дигари довталабон сарвари интихобнамудаи худ - адвокатро, ки дафъаи гузашта ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекард гунаҳкор намуданд, ки чӣ тавр дар озмун ў худ ҷойи сеюмро соҳиб шуду дигарон соҳиби ягон ҷой нашуданд.
-Дар ин замона ба ягон кас бовар карда намешавад, - гуфт марди қоқи дарози айнакие, ки номзадии адвокатро дафъаи гузашта, ба сарвари гурўҳ пешбарӣ карда буд. Бубин нафси ҷанобашон (адвокат дар назар аст) боло гирифту баҳри манфиати шахсӣ аз қавм фаромўш кард. Эй ҳимоячӣ нашуда мур! - даст бардошт ў ба сари адвокат, лекин чанд тани дигар, ки аз қувваи хеш дар озмун боварӣ надоштанд, он марди қоқи дарозро ором намуданд.
– Не, шумо ба ман фаҳмонед, ки чаро оне, ки мо сарвараш интихоб намудем, дар озмун худаш ба ҷойи сеюм баромаду ягон нафари мо не, - паст наомада мегуфт он мард, ки аён буд, аз асп фаромада бошад ҳам, нияти пой аз рикоб гирифтан надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор