Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо аслан нисбат ба ў нафрат пайдо намуданд, чунки мехостаст пинҳонӣ бо роҳи ришва додан ғолиби озмун шавад. Аз он чӣ ки ў дар озмун ғолиб наомад, пеш аз ҳама саҳми довар буд ва ҳамагон дуруст дарк намуданд, ки довар дар ин ҷода мардона рафтор намудааст.
– О, лаънатие! - Аз гиребони вориси Гиппократ гирифт адвокат.
-Ту мехостӣ, ки тариқи пора ғолиби озмун шавӣ. Ана, ба ту!- гўён адвокат кашидаю кушода ба рўйи шиноси деринааш чунон бо мушт зад, ки вай калавида - калавида ба замин афтод. Бо ҳамаи ин дарду алами собиқ сарвари гурўҳи довталабон аз гиребони вориси Гиппократ гирифта, даст ба гулўяш бурда, ўро буғӣ кардан хост.
Чунин ранг гирифтани корро касе интизор набуд ва ҳамагон хашму ғазаби доштаи хешро фурў нишонда, бо азобе собиқ «дўстон» - ро аз ҳам ҷудо намудаанд.
Чун довар сухане нагуфт, ҳамагон ба бурдбории ў аҳсан гуфтанд ва аз баҳри даъвои хеш гузашта, дафтари кории ўро тарк намуданд. Танҳо ҳамон марди қоқи дарози айнакдор он ҷо монд. Вай рафтан намехост ва довар маҷбур шуд, ки арзи дили ўро аз нав бипурсад.
– Шояд шумо даъвое доред? - пурсид довар?
– Даъво не, ҳамин хел як чизро фаҳмидан мехостам.
– Марҳамат пурсед.
– Оё он ҳамсояҳои довталаб дар озмунҳои шонздаҳ ва ҳаштякфиналӣ иштирок намуданд?
– Албатта. Шартҳои озмун ҳаминро тақозо мекунанд.
– Вале дар бозиҳои финалӣ онҳо иштирок надоштанд, пас чӣ тавр шумо онҳоро ғолиби озмун донистед?
– Инаш рост вале бояд иқрор шавам, ки холҳои гирифтаи онҳо ниҳоят баланданд. Ба таври дигар гўем, онҳо дар мусобиқаҳо меъёри чемпиони ҷаҳонро иҷро намуданд.
– Ҳоло ҳамин хел гўед?
– Ҳамин хел ва ин ҷо ягон ҷойи шўру шараш нест.
– Ҳамин ҳамсоя буданашон ба ҳар ҳол боварии касро коста мекунад.
– Бовар намоед, то ду - се рўз пеш банда ҳам ба гўшаи хотир наоварда будам, ки ҳамсояҳо метавонанд.
– Акнун бовар кардем.

пешина
аз 513
навбатӣ