Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Холҳои ба даст овардаи ҳамсояҳо ниҳоят баланданд ва мо наметавонем ғалабаи онҳоро ба инобат нагирем, - оҳ кашида гуфт довар.
– Ба фикрам, шумо ҳам тарафдори ғолиби озмун шудани ҳамсояҳо набудед, - пурсид марди айнакдор.
– Чӣ гўям?
– Росташро.
– Дар ҳақиқат ман намехостам, ки ҳамсояҳо дар озмун ғолиб оянд, вале зиндагӣ роҳу равиши хешро дорад ва он чӣ ки ҳамсояҳо ғолиби озмун гаштаанд, ин саҳм ва талоши худи онҳост.
– Акнун чӣ мешавад?
– «Ғолибон» мукофоти хеш мегиранд, зиндагӣ бошад, ба маҷрои худ равон асту равон.
– Рост аст, ки яке аз «ғолибони» озмун зан аст?
– Рост.
– Волчица ну волчица, – гўён марди айнакдор аз ҷой бархест.
– Шояд боз вомехўрем, - гуфт довар.
– Гар зиндагист дида ба дидор мерасад, - гўён марди қоқи дароз дарро аз қафои худ пўшид.
Занги телефон садо доду Абдумаҷидов гўшакро бардошт.
– Рафиқ майор, мардеро ҳангоми вориди хонаи Обидаи Баҳром шуданаш дастгир намудем, - хабар дод лейтенанти милиса Зиёев.
– Чӣ хел вориди хонаи Обидаи Баҳром шуданаш? – чизеро нафаҳмида пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Ҳамин хел одӣ. Ў бо калид дари хонаи Обидаи Баҳромро кушода, нияти даромадан дошт, ҳол он ки соҳибхона дар манзилаш набуд.
– Ўро чӣ ному насабест?
– Аз рўйи ҳуҷҷатҳои дар бараш буда Назаров Назир.
– Дар бораи кӯшиши ба манзили бегона даромаданаш санад тартиб диҳед ва ўро то милиса роҳбаладӣ намоед.
Кўшиш намоед, ки бо соҳибхона рў ба рў нашавад.
– Хуб шудаст, - гўён Зиёев гўшакро ба ҷояш гузошт.
Абдумаҷидов аз нав чанд рақамро дар диск чида аз оғози амалиёт муфаттиши прокуратураро огоҳ намуда, фикри ўро донистан хост.
– Ман ҳозир расида меоям, гуфт муфаттиш…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор