Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Аз рўи қонун мо бояд бо ҷабрдида (Обидаи Баҳром дар назар аст) дар алоҳидагӣ суҳбат намоем.
– Мехоҳед ўро маҷбур созед, ки аз болои ман ариза нависад.
– Чаро мо ўро маҷбур месохтаем? Мо аз он хавф мебарем, ки ў аллакай аз болои шумо ариза нанавишта бошад.
– Ҳаргиз. Ӯ чунин рафтор нахоҳад кард, мефаҳмед, ҳаргиз!
Дар кушода шуду нафаре дар либоси ғайринизоми вориди дафтари кории Абдумаҷидов шуд. Ў дар рў ба рўи ҳамсуҳбати ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нишаст.
– Шинос шавед, ин кас Назир Назаров, - ҳамсуҳбаташро ба шахси навомада муаррифӣ намуд Абдумаҷидов.
– Бобо Самад, - худро муаррифи кард шахси навомада.
Назир Назаров барои вохўрӣ даст дароз кард, вале аз чӣ бошад, ки Бобо Самад даст дароз накард ва дасти ў муаллақ монд. Ҳарчанд ў нафрати хеш баён накард, аммо аз нигоҳаш маълум буд, ки шахси навомада ба ӯ маъқул нашуд.
– Думаите что я пожму ваши поганные руки?
Ошибайтесь.
– Не. ман ягон гумон накардам, - дасту по хўрда гуфт Назир Назар.
– Набошад сар кардем, - ба тарафи Назир Назар нигариста гуфт Бобо Самад.
– Донистан мехостам, ки хуни шумо аз рўи резус ва гурўҳ чандум аст?
– Хуни ман ба ин кас чӣ лозим? - ба тарафи Абдумаҷидов нигариста пурсид Назир Назар.
– Ин кас муфаттиши прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Бобо Самад, - бори дигар шахси навомадаро муаррифӣ намуд Абдумаҷидов.
– Хуш, гурўҳ ва резуси хуни шумо? - дуюмбора суханашро такрор кард муфаттиш.
«-Ана гап дар куҷо будааст? Аҷаб нест, ки ҳамон шаб хуни дасти ман дар ягон ҷойи пероҳани Раънои Носир расида бошад? Не, охир ман худам муоина намудам. Дар ягон ҷо хун набуд. Шояд инҳо барои тарсонидан чунин ҳолатҳоро истифода мебаранд. Хайр фарз кардем, ки ман гурўҳ ва резуси хунамро гуфтам баъд чӣ?» - аз дил гузаронд Назир Назар ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор