Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Яъне, шумо дар ҳаракатҳои хеш ягон аломати вайронкунии қонунро намебинед? – пурсид Абдумаҷидов.
– Ҳамин хел аст.
– Рафту соҳибхона ҳама гуфтаҳои шуморо инкор кунад– чӣ?
– Чӣ хел инкор? Мо чанд сол боз шиноси қадрдонем. Ба замми ин, акнун ҳамсояем. Ба хонаи ҳамдигар бе даъват даромадаву баромада метавонем.
– Ин танҳо фикри шахсии шумост. Гуфтам-ку рафту агар ҳамсоя ҳамин ҳолатро инкор кунад?
– Мефаҳмам. Шуморо бовар мекунонам, ки Обидабону ҳаргиз аз болои банда ба ягон ҷо шикоят нахоҳад кард.
– Чӣ, ў аз шумо қарздор аст?
– Қарздор не, вале…
– Гап занед!
– Муносибати мо аз ҳамсоягӣ дида бештар аст.
– Шуморо нафаҳмидам.
– Чияш нофаҳмо?
– Ҳамааш.
– Обидабону биёяд, ҳамаашро мефаҳмед.
– Агар шумо худатон исбот намоед, ки муносибати наздик доред, шояд мо ба хулосае биоему дар ҳамин ҷо бо ҳамдигар худоҳофизӣ намоем.
– Чанд сол аст, ки ману Обида муносибати зич дорем.
– Мо - ку фаҳмидем, вале ба гумон аст, ки Обида фикри шуморо тасдиқ намояд.
– Магар аз сухани хеш гаштед?
– Не, вале мо бояд ба дурустии суханони шумо бовар намоем.
Исботи суханони шуморо бошад, ба ҷуз соҳибхонае, ки шумо қасди даромадан ба манзилаш намудаед, дигар кӣ ҳам метавонад собит созад? Моро дуруст фаҳмед.
Дар кушода шуду лейтенанти милиса Зиёев вориди дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуда, аз омадани Обидаи Баҳром хабар дод.
– Ҳоло он кас дар куҷо?
– Дар бахши навбатдорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор