Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

«Охир инҳо ҳам манро чун он мушак бозӣ доронданд, гоҳ аз арш гап заданду гоҳ аз фарш ва оқибат аз гулўям доштанд.
Не, инҳо аз гурбаи сафед ҳам бадтаранд. Шояд мушак ҳамон вақт агар кӯшише ба харҷ медод, ҷон ба саломат мебурд, вале аз инҳо роҳи халосӣ нест ва ба ин роҳ бандаро танҳо дугонаи Гулбарг тела дод. Дар ин ҷо Гулбарг ҳам бегуноҳ нест. Охир сабабгори шиносоии ману Обида низ худи ўст. Чӣ бояд кард?»
– Яъне, ки худ ягон гуноҳ надоред ва дар марги Раънои Носир шумо низ чун мо аз Обида гумонбаред, - ўро аз банди андешаҳояш берун оварда пурсид муфаттиш.
– Ҳа, ҳамин хел аст.
– Обидаи Баҳром бошад, баръакс шуморо дар марги ҳамсояаш гунаҳкор меҳисобад ва мегўяд, ки барои ба чунин кор даст задан, шумо асос ҳам доштед.
– Чӣ хел асос?
– Вақте ки Раънои Носир аз Обида сад сомонӣ қарз мегирад, он ду панҷоҳ сомонаи рахашон ношикастаро ба хонааш бурда, рақами онҳоро бо навиштаҷоти дафтари хотирааш муқоиса мекунад ва мефаҳмад, ки он пулҳо аз ҳамон пулҳое ҳастанд, ки ў баҳри шантажист бурда буд. Ў ҳамоно ба назди Обида давида, дар бораи аз куҷо гирифтани он пулҳо пурсон мешавад. Чун ҳама кор ногаҳон рух додааст, Обида аз саросемагӣ номи шуморо мегирад. Вақте ки шумо аз Маскав омадед, ҳамин хабари нохушро шунида…
– Хайр худатон мефаҳмед, одам шири хомхӯрда, - посух дод соҳиби дафтари корӣ.
«Чаро ин лаънатии Обида ҳамаашро ба гардани ман бор кардааст, шояд инҳо ба ў ваъда додаанд, ки агар росташро гўяд, ягон бало намуда, худашро аз ин варта берун меоранд.
Хобатро ба об гўй, рафту агар ба пойи ман хоре халад, туро низ бо худ мебарам. Наход барои каме ҷанҷол, ки мо дирўз доштем, он ҳама муҳаббати маро пеши по зада бошад? Сазои ман барин марде, ки чунин як фоҳишаро ситораи хеш мехонад», - аз дил гузаронд Назир Назар ва гуфт:
– Бигузор Обида ҳамин суханонро дар рў ба рўйи ман гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор