Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

–Албатта, мо ба шумо ва Обидаи Баҳром ҳамин имкониятро медиҳем, вале на ҳозир,– гуфт муфаттиш.
– Сабаб?
– Тафтишот роҳу равиши хешро дорад ва бе анҷоми як амалиёт ба дигараш гузаштан ғайри имкон аст.
– Фарз кардем, ки он амалиёти ба охирнарасида кадом аст?
– Сараввал ҳамин пурсиши шумо ба ҳайси гумонбаршуда. То мо сухани аслии шуморо ба он сабт насозем, имконияти дар шакли расмӣ рў ба рў намудани шумо нест.
– Обида аллакай нишондод дод?
–Албатта. Агар ў нишондод намедод, мо аз куҷо гуноҳи шуморо дайн мекардем?
– Чаро шумо дар лаҳзаи аввали суҳбат резус ва гурўҳи хуни маро донистан хостед?
– Чун мо ҳамон вақт ба саволи хеш ҷавоб нагирифтем, ҳамин тарафи масъаларо каме ба таъхир меандозем. Ба замми ин, бо шумо, ки гурўҳи хун ва резуси хешро намедонед, чӣ ҷойи баҳс?
«Ҳеҷ намефаҳмам, ки инҳо чӣ тавр аз он асрори ниҳон огоҳ шуданд? Шояд Обидаро ҳам дастгир накарда бошанд ва ин хабарҳоро аз куҷойи дигар гирифта бошанд. Беҳуда ба торҳои асаби ман нохун мезананд, то сирри ҳам хеш ва ҳам Обидаро рўйи об барорам. Хобатонро ба об гўед», - аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Маро ба камера баред…
Ҳарчанд Обида тамоми шаб мижа таҳ накард, қарибиҳои субҳ хоб бар ў ғолиб омадан хост, вале… Модар пеш аз бонги хурўс аз ҷой бархесту ягона духтарашро, ки то кунун нияти таҳорат кардану намоз хондан надошт, бо ғур – ғури хеш ба зери тозиёнаи танқид гирифт. Не, ў Обидаро бедор накард, ҳамин хел худ ба худ изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷавонзани сӣсола то пешин дар хоб асту парвои намоз надорад. Ҳамаи бадбахтиҳои ба сари одам омадаро модар аз бенамозии худи мардумон медид. Обида суханони талхи модарро бараъло шунид, аммо дар ҳоле, ки худи ў қарор дошт, танҳо худаш медонисту Худо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор