Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Обида аслан модарро гунаҳкор карда наметавонист, ки ба ў дар вақташ сураҳои Қуръони Маҷидро наомўзондааст.
Агар даъво мекард, ў на танҳо назди модар, балки назди Офаридгор ҳам осӣ мешуд. Ҳар он чӣ ки баҳри намоз лозим буд, Обида азёд медонист, вале…
Сабаби намоз нахондани Обида ин пок набудани ботини ў буд.
Модар бошад, ҳамеша таъкид мекард, ки шахс на танҳо таҳорати зоҳир, балки таҳорати ботин низ бояд дошта бошад, яъне ботини хешро аз кибру ғурур, ғайбат, зино ва амсоли ҳамин чизҳои дигаре, ки шариати ислом баҳри бандаи муъмин ҳаром донистааст, эмин дорад.
Субҳи дирўз айнан дар ҳамин вақту соат дар хонаи худаш ў дар оғўши марди бегонае шароби гуноҳро нўш дошт, имрўз бошад…
Не, ботини ўро ба гумон аст аз гуноҳ орӣ гардонидан.
Агар ўро шавҳар мебуд, шояд… Охир аз рӯйи тал биологӣ ў ҳам чун ҳама дигар занҳои олам аз шароби ишқ нӯшидан мехоҳад, ин талаботи тамоми мавҷудоти олам аст, пас чӣ тавр ў метавонад аз чунин лаҳзаҳо ширину гуворо худро маҳрум созад.
Бубин, субҳи дирўз Гулбарг бо туфлияш ба сари шавҳар зад, вале Назир боз мисли ҳамон бузи бенамак майли ў дорад, чаро..
Чаро падари Хайём маро сари гуноҳе даст гирифту ба тавбаю надоматам гўш надод, вале Гулбарг шавҳари гунаҳгорашро чизе нагуфта натавонист?
Модар офтоба бар даст аз таҳорат баргашт ва чароғро фурўзон кард. Ҳарчанд рафтори модар ба Обида хуш наомад, аммо худро бой надод. Ў чашмонашро дурусттар пӯшид, то қувваи биноиши хешро аз нурҳои чароғи барқӣ паноҳ дорад.
Модар ҷойнамозро густурд ва ба ибодат нишаст.
Мавҷи хаёлоти ҷавонзан сари насиҳатҳои модар ба дуриҳо парвоз намуд.
–Духтарам, шавҳар қиблаи зан аст, - гуфта буд модар пеш аз тўйи арўсиаш. Рафту зан тарафи қибларо муайян карда натавонад, ба ҳамон тарафе, ки шавҳараш истодааст, гашта намоз гузорад, хато нахоҳад кард.
Ногоҳ вуҷудаш ларзид, охир ў на ин ки намоз нагузошт, балки обрўйи шавҳарро, обўйи онеро, ки модараш, ана ҳамин модари сари ибодат нишастааш, қиблааш номид, баҳри ширинии яклаҳзаина бирехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор