Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гирифтан мехост. Ҳарчанд то ба марра расидан боз анча роҳ буд, лекин ў боварӣ дошт, ки пайроҳаи интихобнамудаашон онҳоро то роҳи калон ва аз он ҷо то ба марра мебарад. Чун рўзу соаташ омад, ҳама кор ҳалли худро ёфт. Дар ин субҳи содиқ чӣ тавр Назир Назар ёди Обидаи Баҳром намудааст.
Зиёев ҳам саҳнаи ба зимма гирифтаашро нағз бозид. Тарзе даромада гузориш дод, ки шунаванда дар ҳақиқат ба суханонаш бовар намуд. Назир Назар он тараф истад, худи ман қариб бовар намудам, ки Обидаи Баҳром дар шуъбаи навбатдорист. Аҷиб, ў ба куҷо рафта бошад? Нохост дилаш фишурда шуд, пеши чашмонаш сиёҳӣ зад, рафту…
Не, ҳеҷ боварам намеояд. Рафту агар ба пойи Обидаи Баҳром хоре халида бошад, ин маҳз бо гуноҳи мо шудааст, чунки мо аз оқибати кор андеша накардем. Мо бояд ҳамин тарафи корро ҳам ба инобат мегирифтем. Ӯ ба тарафи соати рўймизӣ чашм дӯхт. Ақрабаки соат 10.22 дақиқаро нишон медод, вале на аз Обидаи Баҳром хабар буд ва на аз лейтенанти милиса Зиёев, ки пеши дари хонаи Обида интизори бозгашти вай буд.
Ў аз тиреза ба поён нигоҳ дошт. Саҳни ҳавлии пушти бинои милиса тозаю озода буд. Барги дарахтон зард шуда, аз омад - омади хазони умрашон хабар медод. Бинои начандон калони бетонии ИВС, ки тирезаҳои бе ин ҳам хурдаш бо панҷараи мустаҳками оҳанин «оро» дода шуда буд, муҷассамаи даҳшатро мемонд, ки акнун Назир Назарро ба «оғўши» хеш гирифта буду омадани «меҳмони» дигареро интизорӣ дошт.
Ҳарчанд то кунун ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бо меҳмони нав сари суҳбат нанишаста буд, вале боварӣ дошт, ки ўро аз «оғўши» ин муҷассамаи даҳшат роҳи гурез нест. Чӣ дунёе. Ҷинси латиф - оне, ки давомдиҳандаи насли одамист, дар маҳбас, дар ин бинои бетонии чун дар қафас менишинад.
Охир, ба ин кӣ гунаҳкор аст? Танҳо худаш. Ҳар ки киштаи хеш медаравад, киштае то кунун бедарав намонда.
Занги телефон садо доду муфаттишу соҳиби ҳуҷраро байни андешаҳояшон берун овард. Қариб ҳарду дар як вақт майли бардоштани гўшаки телефонро намуданд. Ба ҳар ҳол, муфаттиш гўшаки телефонро якумин шуда бардошт, вале онро ба тарафи Абдумаҷидов дароз кард.

пешина
аз 513
навбатӣ