Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳа, ман. Не, не. Вайро ҳатман ба милиса биёред. Мо интизор, - гўён ў гўшакро болои телефон гузошт.
– Тинҷӣ - мӣ?- пӯрсид Бобо Самад, ки тамокуи дуюмро даргиронда буд.
– Обидаи Баҳромро ҳам аз пеши дари манзили истиқоматиаш дастгир намуданд.
– Инаш ҳам ба бахти мо, вагарна чӣ фикрҳои мухталифе ба сари ман омад, гумон намудам, ки ўро низ…
“Маълум мешавад, ки дар зери ғубори дуд ҳам муфаттиш дар байни андешаҳои мухталифе будааст,” - аз дил гузаронд Абдумаҷидов ва гуфт:
– Назир Назар аз қафои ҳамсояаш ба дорулбақо роҳхат додааст.
– Мутлақо дуруст аст ва барои ба чунин амал даст задан ў асос ҳам дошт.
– Акнун ин ду дилдода аз гулўйи ҳамдигар хоҳанд дошт.
– Кӣ медонад?
Абдумаҷидов аз ҷой бархеста, ба чойҷўш об рехт ва онро ба ноқилҳои барқӣ пайваст.
– Ба шумо чой ё қаҳва?
– Чой. Чойи кабуд доруи дарди сар аст…
Абдумаҷидов ба чойники қирмизие чой андохта, аз чойҷўш ба он об рехт. Ҳарду сари як пиёла чой омадани Обидаи Баҳромро интизор шуданд…
– Оҳ - ҳо киро мебинем! Бовар намоед, рафиқ майор, шуморо - ку намедонам, вале дидори шиносҳои дерин барои ман ҳамеша хуш аст, - баробари пой бар остонаи дафтари кории Абдумаҷидов гузоштани Обидаи Баҳром гуфт муфаттиши прокуратура ва пиёлаи чойро ба гўшаи миз гузошта, ҷавонзанро ба нишастан таклиф намуд.
– Ман ҳеҷ чизро нафаҳмидам, - ба курсии нишондодаи муфаттиш нишаста гуфт Обидаи Баҳром.
– Магар лейтенанти милиса нагуфт, ки бо кадом сабаб шуморо ба милиса рафтанатон лозим? - ба тарафи нозири минтақавӣ, ки ҳанўз пушти дар рост меистод нигариста гуфт муфаттиш.
– Гуфт, вале ман ҳар қадар ба ин кас (ў низ ба тарафи Зиёев ишора кард) фаҳмонидам, ки модоме аз хонаи ман ягон чиз рабуда нашудааст,чӣ лозим ин ҳама кашмакаш, вале ба гапам гўш надод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор