Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Худоё, ба мани муштипар ёрӣ деҳ, ёрӣ! - аз дил гузаронид Обида ва гуфт:
– Ҳа, он кас ҳамсояи ман аст.
– Ҳамсояи дар ба девор?
– Не, ў дар ошёнаи дуюм зиндагӣ мекунад.
– Ва шумо нисбат ба он ки ў қасди даромадан ба манзилатон намудааст, ягон даъво надоред?
– Не, чунки ман худам ба ў як калиди хонаро дода будам.
– Аҷиб…
– Чӣ хел аҷиб? Магар ба дасти ҳамсоя додани калиди хона ягон ҷойи тааҷҷуб дорад?
– Охир агар ў ҳамсояи шумо мешуд, пас чаро нагуфт, ки ана ҳамин ҷо хонаи ман аст, ана зану фарзандонамро пурсед?
– Аниқаш дар ёдам нест, вале он кас ҳамагӣ моҳе ё шояд ду моҳ пештар дар ҳамсоягии мо хона хариданд. Чун мо шиноси дерина будем, ман як калиди хонаро ба ў додам, чунки хонаи худаш ҳанўз аз таъмир набаромадааст.
– Аслан шумо кори хайреро анҷом додед, - гуфт Абдумаҷидов.
– Модарам ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳамсояи наздик аз хеши дур мақоми баландтар дорад.
– Албатта, модарон ҳамеша фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд, вале афсўс ки худи фарзандон баъзан аз роҳи рост дурӣ меҷўянд.
– Шуморо нафаҳмидам?
– Чияш нофаҳмо?
– Ҳамааш.
– Хуш, аз дигар кунҷ ба суханони модарон назар мекунем.
– Чӣ хел аз дигар кунҷ?
– Фарз намудем ҳамон насиҳати модаратонро дар кунҷи навад дараҷа нигоҳ мекунем. Шумо гуфтед, ки модарам ҳамеша таъқид мекунад, ки ҳамсояи наздик аз хеши дур мақоми баландтар дорад?
– Ҳа, гуфтам.
– Мақоми баланд ҳам масофаро мехоҳад. Фарз кардем ҳар қадар суръати мошин баланд шавад, ронанда кўшиш мекунад, ки масофаро дурусттар риоя намояд, то ки бо мошини аз пеш рафтаистода барнахўрад ва ё дар лаҳзаи зарурӣ онро нигоҳ дошта тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор