Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту заррае шуморо ранҷонида бошад, аз ҷазои интизомӣ ўро роҳи гурез нест.
– Не, ин бародар ягон гуноҳе надоранд ва ба ман фаҳмонда доданд, нафареро, ки сари субҳ нияти ба хонаи ман даромадан дошт, ба ин ҷо оварданд ва бо таклифи лейтенанти муҳтарам ман ба ин ҷо омадам.
– Ба ақидаи шумо, кӣ метавонист дар ин субҳи солеҳон, дар ҳоле ки касе дар манзили истиқоматиатон набуд, кўшиши ба хона даромадан намояд.
– Аз куҷо донам?
– Мо, аллакай, шахсияти ўро муайян намудем.
– Оё ман ҳам метавонам фаҳмам, ки кӣ қасди ба манзили банда даромадан доштааст?
– Албатта. Шуморо маҳз барои ҳамин ташвиш дода, ба милиса овардем.
– Кӣ будааст он кас?
– Назир Назар. Ӯ худро чунин муаррифӣ кард. Шумо ўро мешиносед?
«Магар барои ҳамин шарт буд, ба ин ҷо овардани ман?
Инҳо ҳатто нагузоштанд, ки ман вориди манзили хеш шавам.
Агар мақсаду мароми инҳо танҳо барои дар дуздӣ муттаҳам кардани Назир мешуд, бояд аз ман ариза талаб мекарданд ва чунин як амалро дар ҳамон ҷо ҳам иҷро кардан имконият дошт. Наход Назир нагуфта бошад, ки ман ба ў калиди хонаро додаам, чунки мо ҳамсояем ва ҳамсояи наздик аз хеши дур мақоми бештаре дорад. Афсўс ки шаби гузашта ба хона наомадам. Рафту худам он ҷо мешудам, ҳаргиз кор чунин ранг намегирифт. Ё Гулбарг аз болои ману шавҳараш шикоят намудаасту инҳо арзи ўро санҷиданӣ шудаанд. Худоё, чӣ гўям, намедонам. Модарам ҳамеша таъкид мекард, ки одам дар лаҳзаи мушкил танҳо Офаридгорро ба ёд меорад ва ман ҳам айнан дар чунин ҳол ҳастам. Охир Назир ҳарчанд ҳамсари қонунии Гулбарг аст, вале ман наметавонам дар чунин як лаҳзаи барояш мушкил аз ў рўй гардонам? Аз рўйи ман шуда, дирўз Гулбарг бо ў чӣ кард? Намедонам, чӣ гўям?
Худоё, ин бандаи осиятро бубахш, охир ман аз ў дил канда наметавонам. Ман бе ў зиста наметавонам. Ў ними ман аст, ними - ними ман аст, ў дар ошёнаи дили ман маъво гирифтааст.

пешина
аз 513
навбатӣ