Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ин дафъа низ ў таклифи Абдумаҷидовро барои дар ҷойи соҳиби дафтари корӣ нишастан рад карда, дар ҷойи дирўзааш нишаст. Обидаи Баҳромро ду милисаи васӣ то дафтари кории Абдумаҷидов оварда, рухсат пурсида аз дар баромаданд.
– Марҳамат, гузашта шинед, - ба тарафи Обидаи Баҳром нимнигоҳе ҳам накарда гуфт муфаттиш.
– Ин кас аъзои коллегияи адвокатҳои шаҳр Ёрмуҳаммад Бутаков, - марди ношиноси ҳамроҳашонбударо ба гумонбаршуда муаррифӣ намуд Абдумаҷидов.
– Агар шумо зид набошед, ман ҳуқуқҳои шуморо дар тамоми рафти тафтишот ва суд ҳимоя хоҳам кард.
«Ба фикрам, инҳо аллакай тақдири бандаро ҳал карданд.
Агар асос намедоштанд, ба гумон буд, ки чунин амали сахтро дар ҳаққи банда раво медиданд. Ў ба ёд овард, ки имшабро чӣ тавр дар қафас пушти сар кард. Шаб не, балки шаби аз қарн ҳам дарозтар намуд. Ў тамоми зиндагии хешро бо ҳама неку бадаш пеши назар овард. Аслан, шабе, ки падари Хайём ўро бо дигаре диду кафшҳояшро пеши по монд, дар қиёс бо дишаб ҳеҷ буд. Охир кӣ медонад, баъди ин аҳволи ў чӣ мешавад? Дирўз Хайёмро дар хонаи ҳамсоя гузошта омад.
Аҳволи ў бе ман чӣ мешуда бошад? Ва боз нақли модарашро ба ёд овард.
Занеро вақту соати зиндагиаш ба охир расиду ҳазрати Азроил аз гиребони ў бигрифт. Чун занро кўдаки ширхорае буд, зорию тавалло намуд, ки бе ман ҳоли ин тифли маъсум чӣ хоҳад шуд. Бо амри Оллоҳ таоло ҳазрати Азроил сангеро бардошта ба дасти зан дод ва гуфт, ки худаш он санг, ки ягон рахе ҳам надорад, бишиканад. Бечора зан он санг бишикаст ва дар дохили ҳамон санг кирмеро дид, ки барги сабз дар даҳонаш. Зан дигар ҳарфе ба забон наовард ва ҳазрати Азроил гуфт:
-Парвардигори мо, ки баҳри ҳамин кирм дар дохили санг ризқ ато намудааст, албатта, бе фикри тифли худат нахоҳад буд ва ҷони он зан бигирифт.
Ў боз дафтари хотироти хеш варақгардон намуд, ки дар он саҳфаеро тоза надид, ҳама олудаи фисқу фасод ва саҳфаи охирин олудаи хун. Маҳз ҳамин саҳфа анҷоми зиндагии ў шуд ва ўро якҷоя бо шавҳари дугонааш то ба ин даргоҳ (милиса дар назар аст) овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор