Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз чӣ мешаваду чӣ хоҳад шуд, ў намедонад ва ўро ба ҷуз розӣ шудан ба таклифи ҳимоячӣ роҳе нест», - бинобар ин гуфт:
– Ман розӣ.
Боз пурсиш сар шуд ва ўро лозим омад, ки ба саволҳои муфаттиш ҷавоб гўяд. Ҳимоячӣ ҳарфе ба забон наовард. Охир ў чӣ ҳам мегуфт, саволҳои додаи муфаттиш асло аз доираи қонун берун набуданд ва хоҳу нохоҳ бояд Обидаи Баҳром ба онҳо ҷавоб мегуфт. Охир ба ҷуз муфаттиш ҳимоячӣ ҳам ба ў фаҳмонд, ки танҳо ҳақиқатро гўяд, чунки ростиро завол нест.
Магар ў метавонист ба ҳимоячии хеш бовар накунад ва дафтари хотироти хеш барои аҳли нишасти он маҳфили хурд боз кард…
Чун қиссаи рози ниҳонаш бикушод, гумон сохт, ки бори гаронеро аз души хеш ба замин гузошт. Ҳарчанд дар тамоми давраи суҳбат касе сухани ў набурид, вале лаҳзае пас аз анҷоми қисса боз суҳбат шаклу саволу ҷавобро гирифт.
Модараш ҳамеша таъкид мекард, ки барои шахси ғарқшудаистода дигар баланду пастии об аҳамият надорад, хоҳ он як ваҷаб бошаду хоҳ сад ваҷаб. Чун муфаттиш ба саволҳояш, ки шояд дар рафти суҳбат пайдо шуда буданд, ҷавоб гирифтан хост, ў боз ҳамон нақли модарро ба ёд овард ва худро ба ҷойи он шахси ғарқшудаистода дид. Об аллакай аз ў як ваҷаб боло равон буду равон ва ў низ дигар маҷоли муқобилият надошт, чунки нафас дар гулўяш дармонда буд. Ў боз симои модари пирашро ба ёд овард, ки баъди аз шавҳараш ҷудо шудан гуноҳро чун ҳалқа ба гўшаш мисли тавқи лаънат овехтан мехост: «Ҳеҷ кишта бе дарав намондааст, ту киштаи хеш даравидӣ». Симои модар он замон симои сарлашкареро мемонд, ки дар шикасти армия ҳама гуноҳро ба гардани зердастон бор кардан мехост. Аслан, дар бадбахтиҳои ў худи модар ҳам гунаҳкор буд, вале баъди сари падараш ба гумон буд, ки модар гуноҳи хеш ба душ бигирад. Модар духтарро эркатулфори хонадон кард ва касе аз бародарон ҳақ надошт, ки ба ў аз бинӣ боло гап занад. Ў борҳо дар ин бора ҷанҷоли падару модарашро шунида буд.
Падар баъзан аз рафторҳои духтари ягонааш норозигӣ мекард, аммо модар ўро ором мекард, ки Обида ҳоло хурд аст ва чун синну соли хешро бигирад ақлаш ба ҷояш меояд.

пешина
аз 513
навбатӣ