Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Яъне, ки «Адреналин»-ро худи шумо ба қуттии “Дибазол” гузоштед? - хомўширо вайрон карда пурсид муфаттиш.
– Ҳа, ман.
– Пас чӣ лозим буд, ки боз он ампулаи холӣ бидуздеду Раънои Носирро аз ҷавобгарӣ эмин доред?
– Ман суҳбати Раъноро бо писархонди Ёқуби Соиб шунидам ва ба хулосае омадам, ки ў Раъноро нияти ба ҷавобгарӣ кашидан надорад, барои ҳамин ман ба таври хеш ўро афшондам. Ба ростӣ, ман ўро чашми дидан надоштам.
Аҳволи ўро баъди шантаж дида, қабат - қабат гўшт мегирифтам.
– Аз ин рафтори шумо ў ягон чизро дарк мекард?
– Не.
– Чӣ тавр шумо тавонистед, ки чунин рафтор кунед?
– Одам шири хомхўрда, ман ҳам нафаҳмидам, ки чӣ тавр он ду панҷоҳ сомониро ба дасти ў додам.
– Магар шарт буд ўро дар хонаат ба қатл расондан?
– Моро роҳи дигар набуд. Ў дар хонаи худам маро гунаҳкор карданӣ шуд. Хайрият ки Назир ҳамон ҷо буд. Рост гуфтанд ки вақти саг, ки сар кард, дар девори масҷид м…
– Одамро ба саг баробар кардан хуб нест.
– Барои ман ў аз саге беш набуд. Ў луқмаи тайёри ман даррабуд, тамоми орзую омоламро шикаст, боз мегўед, ки одамро…
– Чӣ лозим буд шахси мурдаро боз овехтан?
– Гумон намудем, ки касе инро намефаҳмад.
– Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, шумо мехостед, ки дар марги Раънои Носир ҳамсабақашро гунаҳкор созед? – пурсид Абдумаҷидов, ки то кунун ба муколамаи Обидаи Баҳром ва муфаттиши прокуратура гўш медод.
– Ҳа.
– Оё ҳамин рафторатонро дуруст меҳисобед?
– Намедонам. Дар он лаҳзаҳо мо имконияти дар ин бора андеша намудан ҳам надоштем, чунки ҳар лаҳза омадани ҳамсабақи Раъно аз эҳтимол дур набуд.
– Раъно дар ин бора ба ягон кас рози дил накарда буд?
– Намедонам.

пешина
аз 513
навбатӣ