АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа
МУҚАДИМА
Картошка аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дунё ҷои сеюмро баъди гандум ва шолӣ ишғол намуда, яке аз зироатҳои асосӣ дар дунё ба шумор меравад.
Минбаъд барои таъмин намудани одамон бо озуқа аҳамияти зироати картошка меафзояд. Картошкаро ҳоло дар дунё дар майдони бештар аз 20 млн. га кишт намуда, аз он бештар аз 300 млн. тонна ҳосил ба даст оварда мешавад. Аз лўндаҳои картошка зиёда аз дусад намуди таомҳо тайёр карда мешаванд.
Сафедаи лўндаҳои картошка ба сафедаи шир хеле шабоҳат дошта, дар организми инсон ба осонӣ ҳазм мегардад. Лўндаҳои картошка ҳамчун маводи ғизоӣ барои одам, хўрока барои чорво ва ҳамчун ашёи хом дар саноат истифода мегарданд.
Моддаҳои асосии лўндаҳои картошка карбогидратҳо мебошанд, ки ба намуди оҳар (крахмал) захира мешаванд.
Моддаҳои хушк дар лўндаҳо вобаста аз навъҳои картошка 17-30 фоизро ташкил медиҳанд. Дар лўндаҳо бештар витаминҳои А,С,В1, В2,РР ва ғайраҳо мавҷуданд.
Қобилияти хуби мутобиқшавии ин зироат ба шароитҳои гуногуни агроэкологӣ имконият медиҳад, ки аз он дар минтақаҳои гуногуни олам ҳосили баланд ба даст оварда шавад.
Картошка дар системаи киштгардони зироатҳо зироати қуллай дониста мешавад, чунки баъди кишти ин зироат қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона кам мегарданд. Ҳоло рекорди умумиҷаҳонии ҳосилнокии картошка аз як га 150 тонна – ро ташкил медиҳад ва дар бахши кишоварзӣ дарёфт намудани зироати дигар бо чунин миқдори ҳосилнокӣ душвор аст.
Картошка ҳамчун зироати ба воситаи лўндаҳо афзоишёбанда, барои корҳои илмӣ ва навъбарорӣ хело қуллай мебошад. Вай аз руи ресурсҳои генетикиаш ва гузаронидани нишонаҳои авлодиаш дар просеси дурагакунӣ дар байни дигар зироатҳо мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ҳамаи намудҳои ёбоии Соланум (Solanum) ба намуди мадании вай С. Туберозум (Solanum tuberosum L.) ба осонӣ ҷуфт мегарданд.
Аҳамияти калони биологӣ, генетикӣ ва истеҳсолиии ин зироатро ба назар гирифта, соли 1972 дар Перу (Лима) Маркази байналмилалӣ оид ба картошка ташкил дода шудааст, ки дар он ҷо ҳамаи ахборотҳои илмии олимони дунё оид ба омузишу тадқиқотҳои ин зироат ҷамъ оварда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё