Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Минтақаи водии Ҳисор. Ин минтақаи марказии картошкапарварӣ ба шумор рафта, асосан ин зироат дар моҳҳои ноябр-декабр ва февралу март шинонда мешавад. Дар ин водӣ инчунин кишти тобистонаи картошка низ гузаронида мешавад.
Ноҳияҳои водигии минтақа дар баландии 500-900 м ва қисме аз чамоатҳои ноҳияҳои ин минтақа дар баландии 1200-1800 м аз сатҳи баҳр қарор доранд(қисми кўҳии ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳри нав, Турсунзода). Боришоти солона дар аксарияти ноҳияҳо 360-700мм, дар баландии 1200-1800 метр бошад – 800-1500 мм-ро ташкил медиҳад. Давомнокии давраи бехунукӣ дар водиҳо 230-250 рўзро ва дар кўҳҳо бошад 180-220 рўзро ташкил менамояд. Миқдори ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол дар водӣ 45,00–50,00 °C, дар ноҳияҳои кўҳӣ бошад 23,00–38,00 °C –ро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо моҳи июл 26–28 °C, дар ноҳияҳои кўҳӣ бошад 22–25 °C аст.
Хокҳои бештари ноҳияҳои минтақа дар водӣ асосан марғзории сиёҳ, муқарарӣ ва ботлоқӣ, дар минтақаи кўҳӣ бошад ҷигарии муқарарӣ, ишқорӣ ва сафеди ҷигарии кўҳӣ мебошанд.
Минтақаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон.
Шароити экологии ин минтақа континенталӣ буда, зимистони хунук ва тобистони хушкро доро аст. Дар ин минтақа картошкаро асосан моҳҳои апрелу май кишт менамоянд.
Минтақаи доманаи кўҳии ин мавзеъ ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро ва як қисми соҳилҳои Дарёи Панҷро дарбар мегирад, нисбатан иқлими гармро соҳиб аст. Ин мавзеъ дар баландии 1200-1400 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, миқдори солонаи боришот дар ин ҷо 480-600мм аст. Давомнокии давраи бехунукӣ 240-260 рўзро ташкил менамояд. Дар ин ҷо ҳарорати ҳаво дар моҳи июл 20–22 °C буда, ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол дар водӣ 42,00–46,00 °C аст.Ноҳияҳои кўҳии ин минтақа дар баландии 1400-3300 м аз сатҳи баҳр ҷойгир гаштаанд. Миқдори солонаи боришот дар ин ҷо 200-300мм аст. Давомнокии давраи бехунукӣ 105-245 рўзро ташкил менамояд. Дар ин ҷо ҳарорати ҳаво дар моҳи июл 16–18 °C буда, ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол дар водӣ 12,70–42,70 °C аст. Хокҳои бештари ноҳияҳои минтақа ҷигарии муқарарӣ, ишқорӣ ва сафеди ҷигарии кўҳӣ мебошанд.

пешина
аз 99
навбатӣ