АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агар ин миқдори нуриҳоро ба намуди вазни мутлақи (вазни физикии нуриҳо) нишон диҳем, пас ба як гектар 500-550 кг нуриҳои нитрогендор, 900-1000кг нуриҳои фосфорӣ ва 350-400 кг нуриҳои калийдор дар 1 га картошказор андохтан лозим аст.
Бояд қайд намуд, ки сарфи нуриҳо аз миқдори тозаи моддаи таъсиркунандаи ин ё он нурӣ метавонад кам ё ин ки зиёд гардад.
Обмонии картошказор. Дар ноҳияҳои кўҳистон картошка ба реҷаи обмонӣ ва сернам будани хок эҳтиёҷи калон дорад. Чунки дар шароити кўҳсор давраи вегетақияи ин зироат давомнок буда, ба мўҳлатҳои обмонӣ зарурияти калон доард. Бинобар ин ба картошказори дерӣ вобаста аз қитъаи замин ва қобилияти намнигоҳдории хок бояд дар давраи шонабандии ниҳолҳо ( то пайд гаштани гулҳои аввалини ниҳолҳо) як бор оби сабук додан лозим аст. Сифати баланди обмонӣ ба ҳамвории замин ва дарозии ҷўйякҳои картошказор вобаста аст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дарозии ҷўйякҳо дар заминҳои нишебӣ бояд 60-80метрро ташкил намояд. Махсусан, оби якўми картошказор бояд бо сифати баланд (миқдори ками об дар ҷўйякҳо ва бо суръати паст ҳаракат намудани об) гузаронида шавад, то ин ки об боиси чуқур гаштани ҷўйякҳо ва ш ўста бурдани моддаҳои ғизоии назди решаи ниҳолҳо нагардад.
Ба картошказор бояд баъди ҳар 5-7 рўз як бор об монда шавад. Дар маҷмўъ бояд картошказори дерӣ 8-10 маротиба об дода шавад. Сарфи об дар давраи вегетасияи картошка бояд дар 1га бояд 5000-6000 метри кубиро ташкил диҳад. Обдиҳии картошказори дерӣ 10-12 рўз пеш аз чидани ҳосил бояд қатъ гардад.
Муборизаи зидди алафҳо ва ҳашароту касалиҳо. Бисёр алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи картошказори дерӣ ба картошказоре, ки дар қисми водии ҷумҳурӣ парвариш меёбанд шабоҳат доранд, бинобар ин тавсияҳое, ки дар қисми парвариши картошкаи барвақтӣ оварда шудаанд, метавон, ки дар ин картошказори дерӣ низ истифода намуд.
Солҳои охир яке аз ҳашаротҳои хавфноку карантиние, ки дар саросари картошказори мамлакат вомехўрад ин гамбуси колородӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳашароти хавфнок мутаасифона охири солҳои 80-ўми асри гузашта ба ҷумҳурии мо ба воситаи тухмии картошка оварда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё