Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Худам ҳам аз саҳар боз қаҳва нанўшидаам.
Зарроб аз ҷояш хеста ба сўи матбах рафт. Чашми Дилбанд ба маҷаллае бархўрд, ки он дар рўи курсичае варақҳояш кушода меистод. Дар байни маҷалла асари А. Н.
Иванов «Зуҳури Исо ба мардум» ранга ва хеле хушсифат ба табъ расида буд. Дилбанд маҷалларо варақ заду сонӣ бодиққат ба расм нигарист. Расм ба ў аз айёми донишҷўияш шинос буд. Муаллимон дар хусуси он соатҳо ҳикоятҳо карда буданд. Баъдтар Дилбанд даҳҳо мақолаю рисола дар хусуси он мутолиа ҳам кард. Вале ҳар гоҳе ки ба он менигарист, боз маънии наверо дармеёфт. Ин маротиба дамидани субҳ – шафақи офтоб ва сапедадам диққати ўро ба худ кашид. Аз паси кўҳ нури сурхчае ба сафедӣ омехта, водии васееро равшан мекунад. Тобиши ин нур ба рўи қаҳрамонҳои асар гуногун афтодааст. Баъзе нуқтаҳо ториканд, баъзе чеҳраҳо норавшан. На ҳама ба истиқболи пайғамбари Худо Исои Масеҳ хестаанд. Иддае аз онҳо ба сўи ў наменигаранд.
Зарроб аз матбах баргашт. Дилбанд маҷалларо ба рўи миз гузошта гуфт:
– Сабру тоқат лозим.
– Сабру тоқат аз ин зиёд намешавад.
– Ман сабру тоқати кори эҷодиро дар назар дорам, – гуфт Дилбанд.
– Кори эҷодӣ заҳмат металабад. Ана, дидед, заҳмати бистсолаи рассом, – ў ба сўи маҷалла ишора кард. – Қалби ҳар бинандаи закиро тасхир мекунад. Ман бинандаи закӣ гуфтам, на бинанда. Санъатро касе мефаҳмад, ки ба он сарфаҳм меравад. Вагарна ҳамаи мо дар оғўши ҳамин табиатем.
Дар табиат нозебӣ нест, ҳама чиз дар ҷои худ ва мавриди худ зебост. Аммо ин зебоиро на ҳамеша дарк мекунем, на ҳар кас мефаҳмад. Одамоне ҳастанд, ки на ба осмон менигаранд, на ба зери пойи худ.
– Санъат барои ҳама нест.
– На, мо барои ҳама заҳмат мекашем. Бояд ҳама асари моро бинаду фаҳмад. Вале ба ин ноил шудан мушкил аст.
– Мо боз ба баҳс дохил шудем, – гуфт Дилбанд, – Баҳсҳои мо беохиранд.
– Барои мову шумо фақат ҳамин баҳсҳо мондаанд. Дигар ҳама чизро рабудаанд. Вақте ба қадри санъат намерасанд, санъаткор дилозурда мешавад. Истеъдод ва илҳомаш мемурад.

пешина
аз 276
навбатӣ