Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шавҳари Сайлӣ Барот ҷавони боодоб буд. Аз даҳонаш гап намебаромад. Агар рафту дурўғгўеро вохўрад зўраш мерасад ва ё не аз гиребонаш мегирифт. Оқибат ин феъли бад зиндониаш кард. Ба гуфти ҳолдонҳо Барот мудири хоҷагии яслиҳои колхоз бо хазинадори хоҷагӣ Амир дасту гиребон шудааст.
– Ман вақти бачагиам аҷинаро дидаам, – гуфт Амир.
– Чӣ хел дидӣ? –дар тааҷҷуб афтод муҳосиби амвол.
– Аҷинаҳо тахмин бист нафар аз хокистари кўҳнаи поёни ҳотаамон баромада, аспи бобоямро давра гирифтанду ба бофтани ёлҳояш сар карданд. чунон майдабофӣ мекарданд, чунон майдабофӣ мекарданд, ки…
– Набошад, духтарҳои мо майдабофӣ кардани мўяшонро аз аҷинаҳо ёд гирифтаанд? – бо тамасхур луқма партофт Барот.
– Шояд, кӣ медонад?
– Бори аввал дар бораи аҷинаҳо шунидам, – гуфт иқтисодчӣ.
– Онро на ҳар кас мебинад, – гуфт Амир.
– Чашмони ту хусусиятҳои дигар доштагист? – гуфт Барот бо киноя.
– Чашми ман ҳам мисли чашми шумост, аҷинаро он касе мебинад, ки дилаш покасту ақлаш расо ва рафтораш некў.
– Ё тавба, – гиребон гирифт Барот.
– Бовар надорӣ?
– Чӣ хел бовар кунам? Забони ғару дузд дароз мешудааст.
– Шак меорӣ – а?
– Дурўға кам кун! Худат медонӣ, тоби шунидани дурўғро надорам.
– Гапи ман дурўғ бошад, чӣ гўш кардӣ?
– Гўша пахта монед?
– Пахта мемонӣ…
– Гапта ҳамвор бизан!
– Сахт мерасад – а? Ту бошӣ сухани маро, ки бо ду чашми сар дидаам, дурўғ мегўӣ?
– Чашми сарат кўр мешуд, ки на олама медидиву на аҷинаро…
– Ҳақорат накун!
– Ту ин одамора гов хиёл кардӣ, ки дурўғ мегўӣ?

пешина
аз 276
навбатӣ