Шоҳроҳи истиқлол

– Илоҳӣ худат месўхтӣ! – Ҷамила ҳам давраро тарк кард.
– Ҳоли онҳоро дида дилам об шуда буд.
Занҳои дигар низ тамошоро монда аз алами суханони ҳамсари Саттор ба хонаҳои худ раҳсипор шуданд.
– Хубиро намедонад, гуфтам-ку! Хиёлаш мо тамошо омадаем.
– Вақте шунидам хонаи Саттор сўхт, дар назарам тофт, ки аз сарам як сатил оби хунук рехта бошанд.
– Луқмаам дар даҳон монд. Табақи оши палавро монда давидам… Ҳеҷ гумон надоштам, ки таънаи зани ўро мешунавам.
– Акрам зора кард, ки биншин, гапашро гўш накардам.
Бечораро як моҳ боз надида будам. Аз Душанбе ба умед омада буд, ки занамро бубинам. Кош намеомадам.
– Агар ҳамин хел рафтораш бошад, саг аз дараш намедарояд. Мо омадем, ки ҳақи туро хўрдем. Мушкилӣ ба сараш омад, наравем хуб намешавад гуфтам. Чиҳоеро фикр накардем. Илоҳӣ хокистари хоната бод барад, ки хонаам гўиву бигардӣ.
– Айби беваи хушдоманам шуд. «А духтар бихез бидав, ки хонаи сағераи Саттор сўхт».
Акнун сари дастархон шишта будам.
– Садқаи хубӣ шаве касофатҳо…
Занҳои деҳа мавзўи дигар ёфтанд, дар ғайбати Саттору ҳамсари ў, ки дар нимаи рўзи чиллаи тобистон ба вуқўъ омад, аммо масъалаи асосӣ ҳанўз муайян нашуда буд. Гунаҳгори сар задании сўхтор кист? Саволҳо хеле ва хеле зиёд буданд дар ин маврид. Аммо вақти ҷустуҷўи гуноҳ ҳанўз фаро нарасидааст.
Зеро оташ аланга мезаду мубориза тўл мекашид. Дар деҳае, ки обро ба доругӣ меёфтанд, об намонд. Хок мепошиданд. Аммо ин чиз фоида намекард.
– Як қатра об нест… – сатилҳои холиро тагу рў мекард бобои Нозим. Ҳатто оби офтобаро, ки барои заҳраш шикастан дар офтоб монда будам, бурдаанд.
– Бобо, об нест, «таяммум» кун! – гуфт наберааш Содиқ.
– Гап меёбед. Наврўид – балорўид.
– Об биёред! Мардум! – нидо мекард Нўъмон.
– Об нест…
– Наход?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо