Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Намедиҳад. Феъли ўро ман медонам, – гуфт Қаландари бўчка.
– Биё шарт?
– Биё…
–Ту ба чӣ?
– Агар обат диҳад, ман ба ту як ҷома қарздор.
– Шунидед? Агар надод, як ҷомаро ман ба ту пўшонам.
– Гап нест…
– Ту ҳам барои об омадӣ? – пурсид момаи Савлат.
– Шармандаам накун! Пеши онҳо гапи калон зада омадам.
– Ба гапи ту ман чӣ кор дорам?
– Ақаллан як сатил обам деҳ!
– Як қатра намедиҳам.
– Пагоҳ тобути туро ҳамин сағираи Саттор мебардорад.
– Агар ў гўшаи тобутам бигирад,худамро аз тобут мепартоям.
– Биё, вақти шўхӣ нест?
– Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
– Об… Пулашро медиҳам. Агар гапи калон намезадам, ҳаргиз қадамамро ба хонаи ту намемондам. Ба гуфти мардум ту кайкатро ба касе намедиҳӣ.
– Чанд пул доданиӣ? – мулоим шуд кампири Савлат.
– Ду сўм…
– Бо ду сумат бирав оба аз дарёи Вахш бигир.
– Чанд сўм мегўӣ?
– Ту панҷ сўм бигў…
– Панҷ сўм садқаи сарат, – пулро аз киса бароварда ба дасти кампири Савлат дод.
– Боз нагўӣ, ки оба фурўхт.
– Дили ман аз ту пур нест, ки боз пеши мардум лоф назанӣ, ки як сатил обро ба панҷ сўм фурўхтам, – сатили обро гирифта кўча баромад бобои Қурбон. Мўйсафед бурд кард. Ҳам обрўяшро баланд карду ҳам ҷомаи биступаҷсўмаро бо панҷ сўм ба даст овард.
– Чӣ хел дили кампира ёфтӣ? – бо тааҷҷуб пурсид бобои Хол.
– Ман пеши шумо қадр надорам. Ин ( ба Убайдулло ишора кард) нағз нафаҳмондааст. Хаёли кампир ўро Қурбони духтур фиристодааст.

пешина
аз 276
навбатӣ