Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Фозилони мо, ба истиснои чанд тани танҳо ва берун аз маъракаҳо, худ чандон бедор нестанд. Ба илм не, ба найрангу дасиса бештар шавқ доранд инҳо.
Мирвафо:
– Фозилонаш чист? Киҳоянд ҳамон фозилон?
Мирризо:
– Аҳли илму адабро фозил мегўянд. Ба истилоҳи имрўза интелегентсия.
Мирвафо:
– Ҳамаи хушомадгўён фозил гўед. То ҷое ки ман медонам, интеллигентсия ба резачинии дастархони мансабдорон саргардон. Аз дасти ин қабил одамон ҳеҷ кор намеояд. Як ҳез аз чил мулло беҳтар, гуфтааст халқ. Дуруст гуфтам?
Мирризо:
– Чандон дуруст нест. Дар ҳама давру замон қувваи пешбари ҷомеа интеллигентсия будааст ва ҳаст. Бе интеллигентсия тараққиёт як хобу хаёл аст. Дар барномаи мо ин маънӣ махсус таъкид шудааст.
Мирбақо:
– Сустии Барномаатон низ дар ҳамин ки ба ақл такя мекунад. Ҳол он ки дар зиндагӣ ин тавр нест. Дар ривоят омадааст, ки олиме дар роҳ ба саҳронишине вомехўрад ва мебинад, ки хар пеш пешу худаш пиёда меравад. Сабаб мепурсад. Ҷавоб медиҳад, ки бораш вазнин. Мепурсад, ки бораш чист? Мегўяд, ки дар як пои хўрҷин биринҷ ва дар пои дигараш санг, ки баробар истад. Олим маслиҳат медиҳад, ки хўрҷинро фурор, сангашро парто ва биринҷро ду бўлаки баробар бикун, бор сабук мешавад ва худат савор меравӣ. Маслиҳат маъқул меафтад ва саҳронишин чунон мекунад, ки ў гуфт. Баъд мепурсад, ки «ту одами доно будаӣ, бо ин ақл аз молу ҳол чӣ дорӣ?» Мегўяд, ки «ғайри ҳамин асои дастам, дигар чизе надорам». Саҳроӣ ҷаста аз хар мефарояд ва сангҳоро аз нав ба хўрҷин меандозад, ки «ман хайли шутуру рамаи гўсфанд дорам, чунин ақл ба ман даркор нест». Ба мисли ҳамин шумо моҳияти иқтисодиётро хуб нашинохтаед. Бе иқтисоди пурқувват, дигар ҳама хаёлҳо хом аст. Ягона фишанге, ки мулкро пеш мебарад, ин иқтисодиёт аст.
Мирризо:

пешина
аз 276
навбатӣ