Шоҳроҳи истиқлол

Ҳарду келини хушкардаашро ба ҳавлиаш оварданд. Модар онҳоро дар бистари беморӣ истикбол гирифту барояшон умри дароз, рўзгори неку бафайз ва фарзандони баномус орзу намуд. Меболид, ки дидани чунин рўзи пурсаодат насибаш гардидааст. Вале як гўшаи қалбаш торик буд. Аз қисмати се писари дигараш андеша мекард.
Рўзе раиси Шўрои занон ба аёдаташ омад. Гулрў дугонаашро, ҳарчанд аз бистар хеста наметавонист, гарм истиқбол намуда, аз ў хоҳиш кард, ки наздиктар бишинад.
- Муаллимаҷон, бедухтарӣ мушкил будааст. Мехоҳам диламро ба келинҳо бикушоям, онҳо духтарони хубанд, вале андеша мекунам: маро мефаҳмида бошанд ё на. Ҳамон вақт гапи шуморо гирифта, хиёнати шавҳарамро бахшидам. Хато кардам. Ин бахшиш бароям гарон афтод. Як соли охир гулхани рашк маро сўхт беоташ, фақат дуд кардам. Хиёнати ин марди беномус маро ба бистари марг афканд. Бўстони бо орзуҳои зиёд бунёд кардаамро бераҳмона решакан намуд.
Дирўз писари ҳамсоя, ки маро «модар» ва шавҳарамро «падар» мехонду худамон хонадораш карда будем, ба аёдатам омада шикоят кард: «Очаҷон, падарам занамро кашида гирифт. Онҳо акнун бо ҳам зиндагӣ мекунанд». Дидед, ин беимон бо ҳамоне ки духтараш мехонд, наздикӣ кардааст.
Раис дуру дароз ба чеҳраи барвақт хазонгардидаи дугонааш дида дўхту ҷуз ин байти шайх Саъдӣ:
Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст,-
дигар чизе гуфта натавонист…
… Баъди се рўзи ин сўҳбат Гулрў бо дили пурдарду ғам ва озурдаву хуншор аз хиёнати шавҳар дунёро падруд гуфт.
Фарзандон кўшиш мекарданд, ки ба рўи падар нигоҳ накунанд. Онҳо сабаби марги модарашонро медонистанд. Баъди адои маросими ҷаноза ва ба хок супурдани модар писари хурдӣ бо нафрати ошкоро ба падар рў оварда гуфт:
- Модарамро шумо куштед, шумо! Қотили модарам шумоед, падар!
Падар ба нигоҳи фарзандон тоб наовард. Ў акнун фаҳмид, ки пеши фарзандон хасе арзиш надорад. Гуноҳашро ҳам эҳсос намуд: хиёнат! Хиёнат ба мавҷуде, ки сутуни хонадони ободу боиси сарбаландиаш ва пеш аз ҳама модари фарзандонаш буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор