Шоҳроҳи истиқлол

- Чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ?- гўён раис ўро ба хона таклиф кард ва пиёлаи оберо нисораш намуд, то ором бигардад.
Гулрў тамоми ҳодисаи бо чашми сар дидашро нақл кард.
Раис бо таҳаммули барояш хос ўро шуниду таскинаш дода мақсадашро пурсид. - Намехоҳам дигар рўяшро бубинам. Аз ў ҷудо мешавам.
Ҳайфи заҳматҳое, ки барои ўву хешу табораш кашидам. Пагоҳ назди раиси ноҳия медароям. Бигузор кӣ буданашро бидонанду нисбаташ чорае биандешанд,- посух гардонид Гулрў.
Раис баъди андешаи тўлонӣ насиҳаташ кард: - Гулрў, зани босаводу бамаърифате ҳастӣ, пастиву баландии зиндагиро хуб медонӣ. Ҳафт шаҳписар дорӣ. Агар ба раиси ноҳия муроҷиат намоӣ, бешубҳа шавҳарат гирифтори муҷозот хоҳад шуд. Эҳтимол аз вазифа ҳам сабукдўшаш кунанд. Оқибати амалатро биандеш: дар тамоми ноҳия овозаву дарвоза мешавад ва дар сари қаҳр талоқатро медиҳаду ҳафт писарат аз навозиши падар маҳрум мегарданд. Ў зани дигар мегираду ту бошӣ, хонавйрон мешавӣ. Ниёз ба насиҳати ман надорӣ, андеша бикун. Ҷаҳл ҳеҷ вақт ба кас манфиат намебахшад, ба хотири фарзандон хиёнаташро бубахш.
Насиҳати раис Гулрўро ба андеша водор намуд.
Гуфтаҳояшро пазируфт, вале нафраташро нисбат ба ҳамсари бевафо рафъ карда натавонист. Бо ў рў ба рў шудан намехост, аммо хотири фарзандон… Азоби падарҷудоии онҳо барояш гарон меафтод. Хиёнати шавҳарашро ошкор накард, вале ба мисоли кундаи тар дарун-дарун сўхт. Манзили шодию сурураш мотамхонаро мемонд. Ҳузури шавҳарашро маҷбуран таҳаммул мекард.
Рўзҳо, ҳафтаҳо пайиҳам мегузаштанду муносибати зану шавҳар ҳамон чун ҳавои зимистон сард буд. Гулрў рўз то рўз хазон мегардид: мубталои беморие шуда буд, ки табиб дар кушодани банди он оҷиз монда. Бистарӣ гардид, бемориаш рўз то рўз шиддат мегирифт. Шавҳар ин ҳамаро медиду худро нодида меангорид. Зан эҳсос мекард, ки рўзаш ба поён расида. Рўзе фарзандонашро ба наздаш хонду аз писари бузургаш хоҳиш кард, ки умед ба падараш набаста, пайи хонадоршавии додаронаш камар бубандад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор