Шоҳроҳи истиқлол

Зорию тавалло кардум, билло ришашона бўса кардум. На хурд розию на калон. Болои ҳо ана ҳамун теппа буромада худма ба ҷарӣ партом нашава…
– Ҷарӣ–а? Фикри бачу кача кардӣ? Дина давр дигар буду даврон ҳам. Ҳеҷ кас гўшти хуг намехўрд. Имрўз чӣ, имрўз!?
Аз ту мепурсам, имрўз чӣ! Нашунидӣ, дар маҷлис чӣ гуфтанд? Магар мо аз халқи кабир ва пешқадами рус болотарем? Ҷояш биёяд, ҳам хуг бонӣ мекунему ҳам гўшти хуг мехўрем. Ё ту аз коммунист буданат ҳам мункир ҳастӣ!
– Мункир нею.. Дар танги тирамоҳ на ҷой дорему на хугбон. Ҳеҷ кас ба зима намегира. Ферма барем, гўшту шири молҳо макрў мешава. Ё ҳамин занак розӣ мешуду ду – се моҳ меистод.
– Ку ба ман нигоҳ кун! Барои чӣ гўшту шири чорвоҳо макрў мешудааст? Гапи коммунист, гапи раиси колхоза шунаве. – Рўи намоянда оташ гирифта овоз дар гулўяш печид. – Аз пиру кампир, ҳо ана аз онҳо чӣ гила. Ин занак кори давлата партофта омадааст. Овардем, ки хугбония як рўз ним рўз ёд дода бурава. Хуг ин гову гўспанд не, кору ташвиши зиёде дорад, – ба соати кисагияш нигариста. – Вақт танг, пеш даро! Ман барои ту ҳам ҷоро меёбаму ҳам хугбон.
Ҳамон рўз то бегоҳ намоянда ва раис ба чандин дар сар заданд. На зорӣ раҳрав мешуду на зўрӣ. Ҳеҷ кас хукбониро ба зима намегирифт. Охири охирон борашонро ба ҳавлии Бек ном деҳқони сербачу качи бенаво партофтанд. Илоҷи ин муамморо боз худи раис ёфт. Ў аз сандуқи тўйвории писараш як ҷуфт калўш, як либос чити гулдор гирифта ба зани Бек пешкаш кард. Ана ҳамин пешкаш сарриштаи корро ба дасти онҳо дод. Зан шавҳарро маҷбур кард, ки хукбониро ба ўҳда гирад.
Дар бобати ҷой, яъне интихоби хукхона бошад, байни раису намоянда моҷарои тўлонӣ дар миён афтод. намоянда сахт пофишорӣ мекард, ки ғайр аз масҷиди харобаву валангор ҷои дигареро мувофиқ намебинад.
– Ферма не бошад, оғили раису деҳқонҳояш не бошад, хайр ана дар синфхонаи мактаб ҷой мекунем. Илоҷи дигар надорем, – талх гуфт ва ба чашмони раис нигарист намоянда.
– Рафиқ Бадалуф. Шумо як гапҳое мегўед, ки на ба ақл рост меояю на ба гуфтор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё