Шоҳроҳи истиқлол

Муносибат ва муомилаи деҳотиён рўз аз рўз бо ў вазнин мешуд. Як бегоҳ, пас аз он ки Бек ба хукҳо хўрока дода аз дар берун шуд, канортар аз ҷои ў овози ношиносе ба гўшаш расид: «Бек, ин шаб ин ҷо хоб нарав. Ба даст уфтодӣ, аз худат гила кун!»
Вай банди фикру хаёл ба хонааш омад. Мисли мурғи посўхта бесаранҷомона муддате рў– рўи ҳавлӣ гашт. Яқин кард, ки ин шаб фалокате рух медиҳад. Агар ба хукҳо осебе биёранд, дар ҳар сурат ҷавобгари якка худи ў мемонад.
Мурдаи ўро дигар на аз Сибир меёбанду на аз чўли Қазоқ.
Садди роҳи онҳо шавад, муқаррар ба худи ў ва фарзандонаш таҳдид ва қасдеро пеша мегиранд.
Бек қарор дод раисро огоҳ кунад ва ҳар чи бошад, ҳамроҳ ба хулосае биёянд. Раис илоҷи корро ёфт. Қарори шаб ҳамроҳи бародараш камон гирифта бегумон назди масҷид омад. Соате нагузашта аз роҳи обдара шабаҳи се нафар намоён шуд. Онҳо бе ҳарфу садо нўг – нўги пой омада, паси тутҳои рў ба рўи масчид панаҳ бурданд. Раис аз қафои харсанг берун омад ва барои он ки онҳо шунаванд, баланд садо кард.
– Бек, ҳо Бек! Ҳеъ, ин меъоди шаб бедор мегашт вай. Ку даруна хабар бигир!
Бародари раис баланд сулфида вориди масҷид гардид.
– Ҷои хобаш холӣ, касе наметоба, – аз дарун садо баровард ў.
– Камон додем, ки ҳамин ҷо хоб рава, – рў ба ҷониби тутзор оварда шунаво гуфт раис. – Дигар ба вай бовар намекунем. Ҳар шаб худмон омада посбонӣ мекунем. Ҳо, фақат худамон! Ҳеъ, бепарвофалаке…
Раис камонро аз китфаш гирифта, намоишкорона шақар – шуқуркунон даруни он тир ҷо кард ва дохили масҷид шуд. Аз дарун танҳо «хурр – хурр» садои хукҳо ба гўш мерасиду бас.
Раис аз ҷои дидапаноҳ боз ба ҳамон ҷониб нигарист. Шабаҳи омадагон як – як аз паси тутҳо берун шуда, ба обдара фаромаданд ва қад–қади об рў ба поин рафтанд.
Ин ҳила кор омад. Аз ҳамон шаб ин ҷониб «меҳмонҳои нохонда» дигар на ба Бек таҳдид оварданд ва на ба хукҳо. Бо вуҷуди ин Бек рўз аз рўз ғамбемору парешонҳол мегашт.
Рафтор ва муносибати сарди хурду калони деҳа ўро сахт тазъйиқ медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё