Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 102 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 102 аз 470 · 3 ноябри 2026

Фақат моҳу ситораҳо не, Ҳаким, Ҳасан ва бригадиру Валӣ низ мекофтанд. Ин дафъа ҳам дар сари роҳи онҳо чизе дучор наомад: на хар ва на ҷувол.
— Ман аз ту як хар ва як ҷувол гандум қарздор, – гуфт Ҳаким баъд аз ҷуволҳоро рах задан, – гўё музди меҳнатамро пешакӣ аз колхоз рўёндам… дигар харкорӣ намекунам.
— Девонагӣ накун, – оҳиста гуфт Сафо ва ресмони ба китф партофтаи Ҳакимро кашида гирифт.
— Не, лозим бошад, Валӣ ба ягон кас ҳамроҳ мешавад, лекин ман не.
— Валӣ ба худат ҳамроҳӣ мекунад, аз ҳад наёз! – андаке тез шуда гуфт бригадир...

5

Офтоб теғ накашида садои бригадир баромад. Аввал дарвозаи Насими Соҳибро кўфт, баъд ба дарвозаи Ҳаким омад.
— Ҳозир аз наздат омадам, боз чӣ мегўӣ? – дарвозаро кушода гуфт Ҳаким.
— Зуд биё, дер шуд! – ба рафтани Ҳаким бовар карда гуфт бригадир ва ба ҷавоби ў интизор нашуда рафт.. Садояш аз кўчаҳои дигар баромад.
Харҳоро ҷамъ оварданд. Тарозуи «Ъ» - шакл ба рўи домани кушодаш ҷуволҳоро мебардошт. Бригадир Сафо дувоздаҳ харро омода кард, ки ҷуволҳоро бор кунанд... Се-чор ҷуволро бор карда буданд, ки Валӣ омад.
— Канӣ додот? – пурсид Бригадир.
— Намерафтаанд.
— Тозон рафта гўй, ки ҳама ба дараву бод рафтаанд, гандумро ба заготзерно бурдан ба ўҳдаи шумо будааст, – ба Валӣ фаҳмонд ў ва аз китфаш дошта ба пеш ҳидоят кард.
Валӣ тохт ва пас аз фурсате бо ҳамон шаст аз кўчабоғ намоён шуд ва назди онҳо омада, «меоянд» гуфт.
Бригадир табассум кард.
Баробари ба саҳро домон густурдани офтоб харҳо қатор шуданд. Ҳаким як ба одамон нигарист, ки чӣ нигоҳе доранд. Ба назараш ҳама ба ў бо шубҳа нигоҳ мекарданд.
Ҳаким аз паси харҳо қадам партофт. Писараш нисфи харҳоро пеш-пеш меронд. Ҳаким гаштаву баргашта ба роҳи Сафедхок менигарист, ки зоро хари Ҳасан намоён шавад.
— Их-э!!! – садои писараш ўро ба худ овард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан