Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 103 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 103 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сози ноҷўри наъли харҳо аз деҳа, аз дашт, баъд аз Дупулаи Зарафшон дур шуда, бо соҳили чапи дарё мерафт. Ҳаким ҳамвора фикр мекард: «ягон ҷуволи дигар гум нашавад, ки корро бало занад». Ба ду канори роҳ, ба пеш ва баъзан баргашта, ба пас менигарист...
Андар даромадгоҳи шаҳр садои пуршасти сумҳои асп хотири ўро парешон кард. Ҳаким ба қафо нигарист: аспи шинос гўё парвоз карда меомад.
— Ҳа, Сафо, боварат наомад? – баробари наздик шудан пурсид Ҳаким.
— Не, Ҳаким, накладнойро фаромўш кардаем. Бе ин қабул намекунанд.
— Хуб шуд, ки омадӣ, бори аввал сарҳисоб ҳам намерафтам,
– хурсанд шуд Ҳаким.
— Ҳа, йигит, монда нашудӣ? – ба Валӣ рў овард бригадир.
— Не! – ҷавоб дод Валӣ.
— Сафо, хари Ҳасан ёфт нашуд? – пурсид Ҳаким.
— Мон акнун, як хар будаст-дия! – лаҷоми аспро кашида гуфт Сафо. – Монда шуда бошӣ, биё камтар савор бишав.
— Не, саллот дар чунин роҳҳо монда намешавад, инро ту хуб медонӣ.
— Медонам, Ҳаким, медонам, лекин ҳамаашро фаромўш карданиам, ҳатто ба ягон кас дар он бора сухан гуфтанӣ ҳам нестам, бигзор фаромўш шавад. Ман ба ҳеҷ кас намегўям, ки то омадани ман баччаам мурд, занамро фирефта, ба дигар кас доданд. Намегўям, ба ҳеҷ кас намегўям. Ҳатто ягон кас шарҳи ҳоли маро навиштанӣ шавад ҳам, намегўям. Мегўям, ки дар ҷанг будам, вале намегўям, ки дасти маро теғи ҷанг бурид.. Ту ҳам намегўӣ, Ҳаким, ман медонам, ки намегўӣ. Охир... ба ту ҳатто пораҳои асколка ҳам нарасида аст, ҳамин тавр не?
— Ҳамин тавр, Сафо, ҳамин тавр.
Валӣ баргашта нигарист. Сафо гўё ки тобаки шикам гирифта бошад, бар қоши зин хам шуда ба Ҳаким нигоҳ мекард.
— Валӣ, харҳоро бо ин тангкўча гардон, писарам! – каме рост шуда. хитоб кард ў ва мақсадро ба Ҳаким баён кард: – Ин роҳ наздик: гузари Сўзангарон, Қайнар, баъд Заготзерно...

6

Ба гуфти раис шартнома акнун нисф шуд. Аз бригадаҳои дигар ҳам ҳар рўз харҳо мисли корвони шутур қатор шуда шартнома мекашонанд. Баъзан ду аробаи қўқандӣ пайи ҳам лангар хўрда меравад. Ва аз Дупула, ки гузашт, Қашқоии он тарафи дарёро базўр мебарояд. Асп аробаи пурборро пеш мекашад ва вазни ҷуволҳо гўё чархҳоро ба ақиб тела медиҳад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан