Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 133 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 133 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳа, писарам, додот ҷанг карданд? – аз омадани ў ҳайрон шуда пурсид Бону.
— Не...
— Барои чӣ омадӣ?
— …
— Чӣ шуд? Хурмаро ғалтонда, шикастӣ?
— Не...
— Ин не, вай не, чӣ охир?
— Дар ҳамин диққи ҳаво додом ба Тангӣ фиристоданд, ки рафта бандина чинам. Морҳои он ҷоро худатон медонед… Худи бегонаҳо барин.
— Худо ақлата нагирад, ту бо ҳамин калла боз хонданӣ рафтанӣ. Нагуфтам, баччаҳои инзамона дигар, як бор кор фармуда, ба ту бегона шуд?
— Ман ин хел...
— Ту маънии гапа мефаҳмӣ-чӣ? Додот фаҳмад...
— Ман ин хел нагуфтаам! – фарёд зад Валӣ.
— Бас кун!.. Тохта болои Санги Сипар баромада аз лаби чашма бандина чида биё. Ҳоло додотро хуб намешиносӣ...
Сояи қири миёна рўи обро гузашта ба нисфи Бурснова баромада буд, ки алафдаравҳо омаданд. Бону ба пешвози онҳо набаромад ва мисли ҳаррўза «мондаҳо» нагуфт. Ҳаким дар ин бора фикр ҳам накардааст, вале Ашўра пай бурд.
— Валӣ омад? – пурсид Ҳаким.
— Назди шумо фиристода будам.
— Гашта наомад?
— Куҷо фиристода будед?
— Тангӣ.
— Дигар ҷой ёфт нашуд?
— Гапа кам кун, омад ё не?!
— Ман надидаам.
— Апаҷон, мо Тангия хабар гирифтем, нест.
— Омадагӣ, холеш, – аз паҳлуи Ашўра гузашта гуфт Бону!
Ашўра дуздида ба Ҳаким чашмакӣ зад. Ҳаким табассум кард, боз пурсид:
— Ой занак, Валӣ канӣ?
Бону боз ҷавобе нагуфта ба коза дохил шуд.
Аз болои Санги Сипар як говбанд пудина ғелон шуда ба рўи об фаромад. Валӣ як назар намоён шуду боз боло рафт. Пас аз фурсате чанд банди дигар ҳамроҳи оби чашмаи рўи Санги Сипар ба паст шорид. Вале худи Валӣ дергоҳ ба овул наомад. Аливу Ғанӣ рафта ўро оварданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан