Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 134 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 134 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ў сар ба зер афканда сухани касеро интизор буд. Вале касе ҳарфе нагуфт. Амаки Муҳаммадмурод аз паси коза сурфида омад ва хабар кард, ки барои шом хўрдан ба хиргоҳи ў гузаранд.

16

— Салом, акаи Тўйчӣ, – аз паси подабон фарёд зад Валӣ. Ў нашунид, – Салом! Ўй! Панг! – баланд-баланд садо дардод Валӣ.
Аммо Тўйчӣ боз нашунид. Вақте ки хари бучча аз паҳлўяш гузашт, ў нигоҳ кард.
— Салом!
— Том-том! Ҳа?
— Ҳезум.
— Ота танӣ, ота?
— Алафдаравӣ.
— Алаф, ҳа, алаф... – гуфт ў ва таклиф кард, ки Валӣ аз хар фаромада, рўи сабза нишинад. – Фуо!
— Не, дер мешавад, – рад кардан хост Валӣ ва дурусттар ба ў нигарист, ки сиёҳтарин одами деҳаи онҳо Тўйчӣ аст. Вақте ки ба кас нигоҳ кунад, чашми чапаш ба андозае танг мешавад, ки мисли мерганҳо рост нишон гирифта, куланги камонро пахш мекарда бошад.
— Фуро, ман ёрӣ медиҳам, – бо имову ишора фаҳмонд ў. Валӣ фаромад.
— Титу? – пурсид Тўйчй.
— Нағз.
— Матаб тӣ туд?
— Мактаб нашуд, калла кор накард!
1
— Ҳаа далла, аз ман ҳам, – гуфт ў. – Бо меӣ?
— Ҳа.
2
— Наав. Оча хафа метад. Оча данаки фо
— Рафтан даркор ако, хондан лозим.
— Тондан? Ҳа... Дани фо медирӣ.
— Надонам.
— Фо бошад, дир. Дани ман боин боша, надир.
— Чӣ-ба?
— Данда. Ҷанг. Ҳеее, не, надир...
Тўйчӣ дигар гап назад. Пас фўтаашро кушода «биё, нон хўрем»
гуфт.
— Не, дер мешавад, – офтоби ба қиём расидаро нишон дода, гуфт Валӣ.

  1. Боз меравӣ?
  2. Нарав. Очаат хафа мешавад. Очаат зани хуб аст.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан